ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 1411 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2567 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 8279 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 20198 |
![]() | Ҳамин моҳ | 40187 |
![]() | Моҳи гузашта | 50366 |
![]() | Ҳамагӣ | 1228758 |
Озмуни шаҳрии «Сайри гули лола»
- Ҷумъа, 02 Апрел 2021



- Пешина
- 1 of 3
- Минбаъда
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои суннатию фарҳанги миллии мо аз нав эҳё гардид.
Субҳи имрӯз дар назди пояи Парчам даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» доир гардид.
Намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, коллеҷу литсей, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти умумии асосӣ ва тарбиягирандагони кўдакистонҳо либосҳои миллии атласу адрас ва чакану беқасаб ба бар намуда, ба чорабинӣ шукўҳу шаҳомат бахшиданд.
Санъаткорони шинохтаи филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов бо сурудҳои ҷаззобу рўҳнавоз васфи гулҳо ва тараннуми зебоиҳои диёри зебоманзарро намуданд ва гулдухтарони гулбасару гулпироҳан ба хиром омада, майдонро ба базмгоҳи ҳақиқии гулу сабзаҳои баҳорӣ ва шодию нишот табдил доданд.
Дар озмуни «Сайри гули лола» кормандони шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, донишҷўёни коллечи омўзгорӣ, ва кўдакони муассисаҳои томактабии ҳудуди шаҳр фаъолияти бештар нишон дода сазовори баҳои баланди ҳакамон гардиданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ғолибони озмун муайян ва бо Сипосномаи Раиси шаҳр сарфароз гардонида шуданд.