мусобиқаи бузкашӣ дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз аз он шаҳодат медиҳад, ки сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Ҳисор варзишро воситаи муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, ваҳдату якдилӣ ва рушди ҷомеа маҳсуб дониста, мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор менамоянд. Бузкашӣ яке аз намудҳои маъмул ва дӯстдоштаи сокинони шаҳр ба шумор меравад. Бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ дар шаҳри Ҳисор мусобиқаи бузкашӣ бо иштироки беҳтарин човандозон аз манотиқи кишвар баргузор ва ғолибон бо мукофотҳои молию пулӣ қадршиносӣ гардиданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru