ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2125
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5236
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ67034
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860416

Аёдати кўдакони маъюб

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Санаи 30 декабр Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазод бо мақсади тақдим намудани аробачаю туҳфаҳои солинавӣ ба кўдакони маъюб, аёдат намуда, аробача ва туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд. Раиси шаҳр бо кўдакон, ки ақлу ҳуши гўё, забони бурро доранду дар дилашон орзуҳои наҷибро мепарваранд, вале бо амри тақдир аз пои равон маҳруманд, бо шеваи худашон суҳбат намуда, дўстрўякон ва волидайнашонро тасалло дод. Ҳамчунин, аз мушкилоташон пурсон шуда, ҷиҳати бо табобат фаро гирифтан ва ба таҳсил ҷалб намудани кўдакон дар мактаб-интернатҳои махсус  маслиҳатҳои судманд дод.

Дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муовинони Раиси шаҳр ба 15 нафар маъюбон аробача ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику таҳният гуфтанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru