ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2162
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5273
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ67071
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860453

Паём – роҳнамои ҳаёти босаодат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Зери ҳамин унвон 7 январи соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дўстмуродзода, бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистон - раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар Кохи фарҳанги шаҳр бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ мулоқот намуда, муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода мулоқотро оғоз намуда, доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар кард ва татбиқи амалии онро дар таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус илму маориф ва тандурустӣ муҳим арзёбӣ намуд. Механизми расидан ба ҳадафҳои дарпешистодаро ба масъулиятшиносии ҳар як хизматчии давлатӣ,  фаъолони шаҳр,  аҳли зиё ва ҷавонон марбут дониста, дар роҳи расидан ба ин мақсадҳо зарур шуморид, ки Паёми роҳбари давлат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро, ки  беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро ҳадафи олӣ муайян кардааст,  сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем ва ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои дар Паём дарҷгардида, тадбирҳои зарурӣ андешем.

Вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дўстмуродзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатулло Хабибзода доир ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ки аз Паём бармеояд, сўҳбат намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки ҳангоми ироаи Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерўи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.

Пешвои маҳбуби миллат бо назардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Нотиқон зикр карданд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор 874 иншоот ба истифода дода шудааст, ки ба ҳалли як қатор масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфрасохтор мусоидат менамояд.

Меҳвари асосии сиёсати роҳбари давлатро рушди маориф ташкил медиҳад, аз ин лиҳоз дар Паёми имсола ба соҳаи маориф таваҷҷўҳи бештар зоҳир шудааст. Тараққиёти кишвар аз устувории пояи маориф вобастагӣ дошта, соҳа мустақиман ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва содиқ ба Ватан ва қавӣ намудани нерўи мудофиавии мамлакат ва рушди он мусоидат мекунад. Ҳамчунин, аз дастовардҳои азими кишварамон дар соҳаҳои мухталифи хаҷагии халқ ёдовар шуда зикр карданд, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда  ба истифода дода шуда, ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар интиҳо Раиси шаҳр бо итминон изҳор дошт, ки сокинони шаҳри Ҳисор бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои дар Паём ироагардида софдилонаю содиқона заҳмат кашида, ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  корҳои ободониву созандагиро тақвият мебахшанд ва баҳри амалӣ гардидани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръат ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бо истифода аз тамоми имкониятҳо, дучанд меҳнат хоҳанд кард.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru