ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1500
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2567
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8368
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20198
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40276
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50366
mod_vvisit_counterҲамагӣ1228847

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

http://www.zoofirma.ru/

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии шаҳр

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1016,80 сомонӣ

Мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёти шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1206 сомонӣ;

Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 1016,80 сомонӣ;

Мутахассиси Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 682 сомонӣ;


Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Шарора, 1 ҷой, маоши мансабӣ 923,8 сомонӣ;

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ориён, 1 ҷой, маоши мансабӣ 923,8  сомонӣ;

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ҳисор, 1 ҷой, маоши мансабӣ 923,8 сомонӣ;

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 ҷой, маоши мансабӣ 923,8 сомонӣ;

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 923,8 сомонӣ;

Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати шаҳраки Шарора, 1 ҷой, маоши мансабӣ 923,8 сомонӣ;

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ 756,4 сомонӣ;

Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 ҷой, маоши мансабӣ 756,4 сомонӣ;

Мутахассиси  (оид ба корҳои омор) Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, 1 ҷой, маоши мансабӣ 620  сомонӣ;

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.


Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби  мудири бахш/категорияи чорум


– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби  сармутахассис/категорияи панҷум


- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.


Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбар/категорияи шашум


- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.


Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби  мутахассис/категорияи ҳафтум


- таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-  малакаи кор бо компютер.


Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо шаҳри Ҳисор, кўчаи Исмоили Сомонӣ 10, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, телефон: (8-3139) 2-63-00, 25-3-61, Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru