Соли ҷавонони миллат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар доираи нақша - чорабинҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Соли ҷавонон баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, маърифатию илмӣ ва варзишӣ идома дорад. Баргузории аксияи дучархаронии ҷавонони шаҳр бори дигар гувоҳӣ аз он аст, ки якдилию ватандӯстӣ ва садоқат ба сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мароми созандагони Ватан мебошад.

Дар ибтидо беш аз 300 нафар ҷавонони дучархасавори шаҳр масофаи беш аз 5 километрро савори дучарха ва бо шиору овезаҳои ҷашнӣ тай намуданд ва дар Амфитеатри шаҳр барномаи консертӣ манзури аҳолӣ ва иштирокчиёни чорабинии мазкур гардид.

«Итминон дорам, ки ҳар яки шумо чун фарзандони асили Ватан баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор саҳми назаррас мегузорем ва Соли ҷавононро ба соли дастовардҳои муҳими меҳнатӣ, фатҳи қуллаҳои азимӣ ҷавонӣ ва соли файзу баракати зиндагӣ мубаддал мегардонем» - иброз дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru