дастаи «Боғистон» - ғолиби мусобиқа

http://www.zoofirma.ru/

Ба ифтихори Соли ҷавонон дар байни 28 тими футболи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор мусобиқа доир гардид. Ҳар як вохўрӣ бо иштироки мухлисони сершумор ҷараён мегирифту футболбозони ҷавон аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон медоданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои футболи деҳаҳои Арбобии Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кўҳӣ ва Боғистони Ҷамоати деҳоти Сомон ғолиб баромаданд.

Бозии ниҳоии ин дастаҳо дар варзишгоҳи хеле зебои деҳаи Лоёби Ҷамоати деҳоти Алмосӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози вохўрӣ футболбозон аз баргузории ин чорабинии варзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда бо арзи эҳтиром ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи бесобиқаашон ба ҷавонону наврасон изҳори сипос намуда, шеърҳои азбар намудаашонро дар васфи Ватани маҳбубамон қироат намуданд. Ҷавонон изҳори ақида карданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат дар рўшду нумўи варзиш саҳми арзанда гузошта дар варзишгоҳҳои бузурги олам шаъну шарафи кишвари азизамонро бо сарбаландӣ ҳимоя хоҳанд кард.

Сипас, дастаҳо ба сабқат оғоз намуданд. Онҳо дар вохўриҳои қаблӣ ҳарифони худро бо ҳисоби калон мағлуб намуда ба мусобиқаи ниҳоӣ роҳхат гирифта бошанд ҳам, дар вохўрии ниҳоӣ ба ҳеҷ як тим муяссар нашуд, ки дар вақти асосии бозӣ ҳисобро кушоянд. Ҳамин тавр, довар тибқи қоидаҳои муқаррашуда тўбҳои ҷаримавии 11 метра таъин кард. Дар задани тўбҳои ҷаримавии 11 метра футболбозони дастаи «Боғистон»-и Ҷамоати деҳоти Сомон маҳорати хуб нишон дода, ҳарифони худро бо ҳисоби 4 бар 3 мағлуб намуданд ва соҳиби Ҷоми мусобиқа гардиданд.

Ба ғолибони мусобиқа медали тилло ва ҷоми ғолибиятро роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Ҳисор Бобосафар Шарифӣ супорид.

Дар суҳбат бо мо сардовар Қаноатшо Орзуев қайд кард, ки мусобиқаи имсолаи футболбозони ҷавон нисбати солҳои пешин хеле пуршиддат ва шавқовару пурмазмун гузашт. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ояндаи наздик аз ин дастаҳо футболбозони бомаҳорат ба воя расида, ба дастаҳои мунтахаби ҷумҳуриявӣ шомил мегарданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru