Отабек НИЁЗОВ: “Ҷавонон ояндаи давлатанд”

http://www.zoofirma.ru/

«Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва  одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад». Эмомалӣ РАҲМОН

Оре, чавонон неруи бузургу созанда, ободкору  ташаббускор  мебошанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи миллату давлатро ба насли созанда дастур медиҳанд, ки: «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки… тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Имрӯзҳо шодию нишот ва фараҳмандии мо, ҷавонон ҳадду канор надорад. Зеро Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 мояи ифтихору сарбаландӣ, хушбахтии мо мебошад. Аз ин ѓамхориҳои падаронаи Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри он кӯшида истодаем, ки соҳибмаърифату соҳибилм, соҳибкасбу соҳибҳунар гардем. Ҷавобан ба ин шарафи бузург ва боварии Сарвари давлат мо, ҷавонон, вазифадорем, ки дар ободию гул-гулшукуфии диёрамон саҳмгузор бошем.

Соли сипаригашта барои ҷавонони Ҳисори Шодмон соли пур аз навгониҳо, комёбию дастовардҳо буд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ҳисор бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дар якҷоягӣ бо «Мамнуъгоҳи таърихӣ - фарҳангии Ҳисор» тадбирҳои гуногун роҳандозӣ  намуданд. Дар нуҳ моҳи соли 2016 ба ин мавзеи таърихӣ 14670 нафар меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ташриф оварданд. Таърихи Ҳисори куҳан, ҷойҳои ҷолиби шаҳр ва ҳама дастовардҳои даврони Истиқлол аз ҷониби роҳбаладони мо бо 3 забон муаррифӣ мегарданд. Барои ҷалби бештари сайёҳон бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ  бо муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнуъгоҳи таърихӣ – фарҳангии Ҳисор»  маълумотномаҳо, дискҳо, видеороликҳо ва сомонаи интернетӣ ташкил карданд.

Дар соҳаи варзиш низ комёбиҳо зиёданд.  2 адад варзишгоҳ, 95 адад толори варзишӣ, 114 майдончаи варзишӣ дар ихтиёри ҷавонписарону  ҷавондухтарон мебошанд. Варзишгарони шаҳр дар мусобиқа ва чемпионатҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ иштирок намуда, 36 медали тилло, 33 медали нуқра ва 48  медали биринҷӣ - дар маҷмӯъ 117 ҷоизаҳоро сазовор гаштанд.

Дар коллеҷи омӯзгории шаҳр маркази касбомӯзӣ таъсис дода шуд ва шумораи зиёди ҷавонон ба омӯхтани касбу ҳунарҳои аҷдодиву замонавӣ ҷалб ва сафарбар карда шуданд.

Кулли мардуми Ҳисори Шодмонро бо фарорасии Соли нав табрик ва муборакбод намуда бовар мекунонем, ки дар соли 2017 парчами зафарҳову муваффақиятҳоро парафшонӣ намуда, ба дастовардҳои бузург ноил хоҳем шуд.

Отабек НИЁЗОВ,  
мудири Бахши ҷавонон, 
варзиш ва сайёҳии шаҳри Ҳисор

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru