Ба ифтихори рӯзи Артиши миллӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

 

 

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, омодагии ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори Рўзи Артиши миллӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и Ҷамоати  деҳоти Ҳисор мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ояндаи ватанем» доир гашт.

Дар мусобиқа ҷавонписарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3,8,26,33,68 ва 74 иштирок намуда, аз рўи намудҳои  гузашти низомӣ бо сароидани суруди миллӣ,  давидан ба масофаи 200 метр бо ниқоби зиддигазӣ (противогаз), турниккашӣ, партофтани  норинҷак қувваозмоӣ намуданд.

Ғолибони мусобиқа - сарбозони ояндаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 ҷойи аввал, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 3 ҷойи дуввум ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8  ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Ҳакамон, ки аз ҳисоби кормандони комиссариати ҳарбӣ ва омўзгорони омодагии дифои таълимгоҳҳои шаҳр мураттаб ёфта буд, гурўҳҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 28, 33, 68 ва 74-ро барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуданд.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru