Озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин»

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи  кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шахри Хисор дар чойхонаи «Харбуза»  дар байни шахраку ҷамоатҳои худуди шахри Хисор  озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро бахшида ба «Рузи Модар » ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор намуд.

Дар озмун кадбонуи беҳтарин бо назардошти маҳорат ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешниҳоди хӯрокҳои босифат ва бо тамоми талабот ҷавобгӯ, ороиши дастархони Наврӯзӣ баромад намуд. Иштирокчиён ба саволҳои гурӯҳи ҳакамон хозирҷавобии хуб нишон  дода, сару либоси идона ба талаботи озмун мувофиқ ба фасли баҳорро  ба бар доштанд.

Ҳадаф аз баргузории озмун тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҳтиром бо хӯрокҳои милллӣ ва аврупоӣ, эҳтиром ба меҳнати истеҳсолкунандаи молу маҳсулот мебошад. Мақсади намоиш-муаррифии навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ сайқал додани маҳорати кадбонугии занону духтарон аст.

Дар чорабинӣ ғолибони озмун бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Раиси шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru