ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1708
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2152
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта13385
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта21139
mod_vvisit_counterҲамин моҳ34524
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1263839

Наврӯзи ҷавонон…

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Навобод чорабинии идона бахшида ба иди Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ва 200 нафар ҷавонон аз манотиқи мухталифи мамлакат баргузор гардид. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ҷавононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, дар суханронии худ зикри он дошт, ки; «Хусусияти неки Наврӯз дар он зоҳир мегардад, ки сокинони Ватани маҳбубамон аз ҷумла ҷавонони кишвар дар ҷашни Наврўз бо меҳру шафқат ба сўйи ҳамдигар ощӯш мекушоянд, ба аёдати пирону насли кӯҳансол мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддаси қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Пешвои миллат ба қудрати созандагӣ ва нангу номуси ватандории насли ҷавон эҳтирому эътимоди комил доранд. Ҷавонони шаҳри Ҳисор низ чун дигар ҳамсолони худ пайваста азми он доранд, ки содиқ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кору фаъолият намуда, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кору пайкори созандагӣ ва дастовардҳои бузурги зеҳнию илмӣ ва офарандагӣ истиқбол гиранд.»

Баъдан раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам ҷавонон ва сокинони шаҳри Ҳисорро бо ҷашнии аҷдодии Наврӯз муборак гуфта, даъват бар он дошт, ки ҷавонон минбаъд низ вазифадоранд дар роҳи татбиқи сиёсати Пешвои миллат бештар бод арки масъулият кору фаъолият намуда, дар рӯзгорашон пайваста умеду ормонҳои неки давлатдориро, ки аз рӯзи нав эҳдо мегардад амалӣ намоянд.

Ҷовидон бод, Наврӯзи оламафрӯз – ай ҳамватан.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru