ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 69 |
![]() | Рӯзи гузашта | 2822 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 7469 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 14106 |
![]() | Ҳамин моҳ | 7469 |
![]() | Моҳи гузашта | 63082 |
![]() | Ҳамагӣ | 1145674 |
Ҷаласаи Шўрои миллии ҷавонон
- Шанбе, 06 Феврал 2021




- Пешина
- 1 of 4
- Минбаъда
Нимаи дуюми рўзи 5 феврали соли 2021 ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси Шўро – Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласаи Шўро баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Шўро, мудирони шубаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа ҷоизадорони озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок доштанд.
Дар Шўро фаъолияти Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2020, вусъат бахшидани корҳои тарбиявӣ ва пешгирикунанда байни ноболиғон ва ҷавонон, инчунин андешидани тадбирҳо барои бо шуғл ва ҷои кор таъмин намудани ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, пешгирӣ аз рўй овардан ба либоси ба фарҳанги мо бегона дар байни занон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.
Раиси Шўро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда гузориши шахсони масъулро шунида, оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар Шўрои миллии ҷавонон ва марказҳои ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин, пешгирии ҷиноят байни ноболиғону ҷавонон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, даъват ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои доғи рўз тавсияву маслиҳатҳои судманд дод.
Дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Ҳисор ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намудаанд ба андозаи 1000 сомонӣ, ба ду нафаре, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд ба андозаи 500 сомонӣ ва ба ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоӣ туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим гардид. Инчунин, барои дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои варзишӣ се нафар ҷавонон бо Сипосномаи раиси шаҳри Ҳисор сарфароз гардиданд.