ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2151
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3111
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5262
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта17033
mod_vvisit_counterҲамин моҳ67060
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта60568
mod_vvisit_counterҲамагӣ1860442

Мулоқот бо ҷавонони шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/

Санаи 19 октябри соли 2021 муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор бо ҷавонону варзишгарони шаҳр мулоқот намуд.

Мавсуф дар қисми низомии №0124 бо шароити буду боши сарбозон шинос шуда, бо аскарону ҳайати шахсии қисми низомӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр, ки дар мулоқот иштирок доштанд, зери маҳфуми хониши сиёсӣ дар мавзуҳои арҷ гузоштан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, пешгирӣ аз амалҳои номатлубу ҳисси бегонапарастӣ ва майл намудан ба фарҳанги бегона суҳбат орост.

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омўхтану тарғиби асарҳои тахрихии имрўзаву гузаштаи миллати тоҷик, бахусус, «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ, китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишонаи баланди маърифат, худшиносии миллӣ ва садоқату дўстдорӣ нисбат ба ватан маънидод карда, аз муборизаву қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик алайҳи аҷнабиёну ғосибон, ки дар саҳифаҳои таърихи миллат бо хатҳои заррин сабту васф шудаанд, бо ифтихор ёдовар шуда дар идомаи сафар ҳамин монанд силсилаи суҳбату мулоқотро бо ҷавонони маҳаллаи 8-уми Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, деҳаҳои Сурхакчашмаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, коллеҷҳои омўзгорӣ ва тиббӣ доир намуда, зимни шиносоӣ бо фаъолияти толору майдончаҳои варзишӣ дар мусобиқаҳои варзишие, ки бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр аз рўи намудҳои гўштини миллӣ, шашкаю шоҳмот, волейболу футбол дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти номбурда баргузор гардиданд, иштирок намуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru