ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ БАХШИДА БА ИДИ НАВРӮЗ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар замири сокинони шаҳри Ҳисор накӯтарин хислат он аст, ки дар арафаи иду айём бештар ба ободии диёр, тозаву озода нигоҳ доштани манзилу муҳити зист ва ташкили ҳашару меҳнати дастҷамъона машғул мешаванд. Ба муносибати иди Наврӯз дар ҳудуди шаҳр бо иштироки беш аз 20 ҳазор шаҳрвандон ҳашари умумишаҳрӣ баргузор гардид, ки сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ машщул гардида, ҳудуди шаҳрро тозаву озода намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳамроҳи бо сокинони кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ба ҳашари умумихалқӣ баромада дар ободонии маҳал саҳми назаррас гузоштанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru