Суханронии Раиси шаҳри Ҳисор дар чорабинии дучархаронӣ

http://www.zoofirma.ru/

Ҷавонони арҷманд,

Ҳозирини гиромӣ,

Дар доираи нақша - чорабинҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, маърифатию илмӣ ва варзишӣ дар назар аст. Имрӯз мо шоҳиди баргузории аксияи дучархаронии ҷавонони шаҳр гардидем, ки он бори дигар аз якдилию ватандӯстӣ ва садоқат ба сиёсати окилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сӯҳбату мулоқотҳои хеш бо ҷавонони кишвар изҳор доштаанд: «Ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст». Ин нуктаи муҳим бо муҳаббату ихлоси афзун дар Паёми навбатии Пешвои миллат бори дигар баён гардид ва Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 нишони он аст, ки Пешвои миллат ба қудрату садоқат, ҳурури ватандорӣ ва соҳиби ин марзу бум будани мову шумо эътиқоди комил доранд.

Соли ҷавонон бо 20-умин Рӯзи ваҳдати миллӣ тавъам омадааст. Бовар дорам, ки ҷавонони ташаббускору фаъоли мо бо тарҳибу ташвиқи муқаддасии Ваҳдати миллӣ, баргузор намудани силсилаи чорабиниҳои ташкиливу фарҳангӣ байни ҷавонон баҳри тарбияи худогоҳиву худшиносии онон нақши муассир мегузорад.

Итминон дорам, ки ҳар яки шумо чун фарзандони асили Ватан баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор саҳми назаррас мегузоред.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шуморо бо баргузории ин чорабиниии муҳим табрик гуфта, ба ҳамагон бахту иқбол, сарбаландӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям.

Ҷавонони шаҳри Ҳисор бо Пешвои миллат ифтихор доранд.

Зиндаву ҷовидон бод Тоҷикистони ҷавону ҷавонони фардосози миллат.

Бигзор Соли ҷавонон соли дастовардҳои муҳими меҳнатӣ, фатҳи қуллаҳои азимӣ ҷавонӣ ва соли файзу баракати зиндагӣ гардад.

Фархунда бод Соли ҷавонони миллат.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru