Суханронии раиси шаҳр дар Рўзи байналхалқии оила

http://www.zoofirma.ru/

Муҳтарам ҳозирин!

Ҳар сол санаи 15-уми май дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рўзи байналхалқии оиларо ба таври васеъ ва мутантан ҷашн мегиранд. Дар оғози сухан мехоҳам аз номи худ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шумо ҳозирини гиромӣ ва ҷамъи сокинони шаҳри Ҳисорро бо ин ҷашни фархунда самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатии комил, бахту иқболи нек, устуворию хушбахтии оилавӣ ва саодати рӯзгорро таманно намоям.

Бо шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдориамон оила чун рукни муҳими давлатдорӣ ва асоси ҷомеа эътироф гардида, бузургтарин ҳадафе, ки имрўз дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дорад, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мебошад.

Чун бунёд ва устувории оила бештар ба ақлу хирад, иффату маърифат, ҷаҳонбинӣ ва афкори зан – модар тааллуқ дорад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Зан - Модарро пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбияткунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи рост, тарғибгари суннату анъанаҳои ниёгон ва арзишҳои пурқиммати ҷомеа донистаанд.

Таваҷҷӯҳи ҳукумати мамлакат ва дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба масъалаи баланд бардоштани мақом ва эътибори зан дар ҷомеа, тавсияи нақши он дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ торафт бештар ба назар мерасад.

Ҳамзамон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии занон, аз ҷумла бо мақсади густариши фаъолияти соҳибкории онҳо шароити мусоид ва заминаи заруриро муҳайё кардааст. Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯзаи мо, ки алалхусус ба ҷавонону духтарон тааллуқ дорад, танзими оила аст. Ҳадаф аз ин, пеш аз ҳама ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад.

Таҷрибаи корӣ ва вазъи воқеии ҷомеа дар шаҳр моро водор менамояд, ки дар баробари мақоми модарон нақш ва мавқеи мардонро низ дар бунёди оила ва устувории он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳем. Ба андешаи ман як паллаи тарозуи оила ба маърифату ахлоқи мард ва паллаи дигари он ба ақлу фарозати зан вобаста буда, мувозинати худро ҳамон вақт нигоҳ медорад, ки баробарии ҳуқуқ ва мақоми марду зан дар оила пойдор бошад. Иловатан бар ин маҳаки асосии ҳастии оила ин фарзанд аст ва бузургони мо онро беҳтарин неъмати зиндагӣ хондаанд, ки беасос нест. Вақте ҷавонон оила барпо мекунанд ҳатман ба дунё омадани фарзанд ба оила нуру сафо ва меҳру вафои дигарро ато мекунад.  Бо назардошти муҳимияти масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ – тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд. Дар баробари ин, эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад.

Шахс дар сурате метавонад ба пирўзиву комёбиҳо ноил гардад, ки агар дуои неки падару модарро гирад ва ба қадри ранҷу заҳмат ва дилсӯзиву ғамхориашон расад.»

Яъне, агар падару модар ба фарзандон тарбияи хуб диҳанд аз натиҷаи он хушбахту саодатманд мешаванд ва баръакс тарбия дар оила ноқис бошад, фарзандон ҳам худ ва ҳам волидайнашонро нороҳат месозанд.

Масъалаи таълиму тарбия, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи кўдакон, фароҳам овардани шарту шароити созгор ҷиҳати инкишофи онҳо дар муҳити оила ва муассисаҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои муҳиму афзалиятнокест, ки ҳамвора дар мадди таваҷҷуҳи давлату ҳукуматамон қарор дорад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз ба ҳамин хотир нигаронида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ақидаанд, ки нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуқтаро ба инобат гиранд, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир ҳангоми таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камолот расидани онҳо сармояи хешро дар парваришу омӯзиши фарзандонашон сарф намоянд.

Фарзанд меваи умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ў аз тарбияи фарзанд канораҷўӣ намояд.

Мутаассифона, аз маълумотҳои дастрас гардида ва таҳлилҳо бармеояд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст ва баъзе падару модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

Маҳсули ин тарзи тарбияро ман дар он мебинам, ки имрӯзҳо сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳр идома дорад ва гусел кардани 227 нафар ҷавон ба Артиши миллӣ ба як масъалаи душвор ва боиси нигаронӣ табдил ёфтааст. Вақте аз шумораи умум ҷавонони шаҳр ҳамагӣ 1,6% ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ даъват мешаванду хизмат карданро ҷоиз надонанд, ки кафолат медиҳад мо онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми падару модар ба камол расонидаем. Агар модарон аз нигоҳи дилсӯзиву раҳми модари барои ҷалби фарзандон монеа шаванд ба падарони арҷманд чӣ шудааст, ки шуҷоату қаҳрамонии бобоёни худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромуш карда, дар ҳалли ин масъала бо сохторҳои дахлдор ҳамкори намекунанд. Бузургони мо таъкидан гуфтаанд, ки имон аз дӯстдории Ватан сарчашма мегирад. Вақти он расидааст, ки  падару модарони азиз бори дигар сари ин масъала андеша намуда, дар тарбияи фарзандон ва ватандӯстии онҳо бештар масъулият шинос бошанд, зеро хизмат ба ватан қарзи шаҳрвандии ҳар инсон аст.

Масъалаи дигаре, ки бо истифода аз Рӯзи оила ва ҳузури шумо  мехоҳам баён намоям он аст, ки дар  Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Ҳисор, ки қисми зиёди аҳолии онро кўдакону наврасон ташкил медиҳанд ва раванди таваллуд рў ба афзоиш дорад, насли солиму ояндасоз, ҳушёру зирак, босаводу фарогир аз донишу илмҳои замонавӣ ва аз лиҳози сиёсиву мафкуравӣ худогоҳу миллатдўст, дорои ахлоқу рафтори ҳамида чун обу ҳаво зарур аст.

Пўшида нест, ки масъалаи раванди таълиму тарбияи наврасон дар мактабу кўдакистонҳо, ҳолати донишу ахлоқи онҳо сол аз сол боиси нигаронии ҷомеа гаштааст.

Имрўз бояд кушоду равшан гўем, ки дар таълиму тарбияи кўдакон натанҳо омўзгорон ва падару модарон, балки дар як вақт тамоми аҳли ҷомеа, аз хешу табор, ҳамсоя, ҳаммаҳалла, қавм, ҳар   калонсол новобаста ба вазифаву мартабааш вазифадор аст.

Ҳозирини гиромӣ!

Чуноне ки Шумо огаҳед, Пешвои миллат, дар Паёми соли гузаштаашон ба як масъалаи бениҳоят нозук, яъне ба масъалаи кўдакону наврасони маъюб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ айни замон дар қаламрави кишварамон зиёда аз 13 ҳазор нафар кўдакону наврасони маъюби то 18-сола мавҷуданд.

Аз ҷумла дар шаҳри худамон ба 17-уми феврали соли равон 118 нафар кўдакони маъюб ҳастанд, ки дар натиҷаи  никоҳи хешовандӣ ба дунё омадаанд.

Масъалаи никоҳи хешутаборони наздик ва пешгирии он яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор меравад. Мо бояд бештар ба хонадоршавии ҷавонон диққат диҳем. Зеро танҳо ҷавонписар ва ҷавондухтари солим метавонанд кўдаки солим ва насли солимро ба дунё оранд.

Аз ин рў, пешниҳоди Президенти кишвар ҷиҳати пеш аз хонадоршавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронидани ҷавонон аз ҷониби мардум ба хубӣ пазируфта шуд.

Имрўз баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги оиладорӣ, тайёр намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, бахусус, соҳибмаълумот намудани ҷавондухтарон дар мадди аввал меистад.

Мутаассифона, он ҳолат нигаронкунанда мебошад, ки солҳои охир ҷудошавии оилаҳои ҷавон бештар ба назар мерасад. Соли гузашта дар ҳудуди шаҳр 279 ҷуфт оилаҳои ҷавон аз ҳамдигар ҷудо гаштанд. Танҳо то ба 1-уми апрели соли равон дар шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 97 ҳолати ҷудошавии оилаҳои ҷавон сабт гардидааст. Худатон қазоват кунед, ки мо ба куҷо рафта истодаем. Дар паси ҳар як ҳолати ҷудошавии оилаҳои ҷавон тақдири минбаъдаи кўдакони зиндаятим меистад. Ятимиро мардуми беҳтар аз зиндаятимӣ донистаанд.

Аз ин рў ҳар як аъзои ҷомеа, падару модарон, куҳансолон, шахсони рўзгордида вазифадорем бояд ҷавононро дар роҳи дуруст тарбия ва ба зиндагии оилавӣ ҳаматарафа тайёр намоем.

Бо ибтикори Пешвои миллат барои ба мактабҳои олию миёнаи махсуси кишвар ҷалб намудани духтарони ноҳияҳои куҳистон квотаи президентӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳамасола аз шаҳри мо низ духтарони қобилиятнок тавассути квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил мешаванд.

Имсол низ тавассути квотаи президентӣ 20 нафар, аз ҷумла 10 нафар духтарон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар равона карда шуданд.

Ҳамаи ин ба хотири он аст, ки ҷавонписарону ҷавондухтарони мо хонда, аз илмҳои замонавӣ ва технологияи ҳозиразамон бархурдор гашта, минбаъд ба нафъи оила, ҷамъият ва Тоҷикистони азиз садоқатмандона хизмат намоянд.

Дар баробари ин падару модароне ҳастанд, ки вазъи душвори иқтисодии оиларо баҳона карда фарзандонашонро аз донишомӯзӣ дур мекунанд, махсусан духтарон ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифта намешаванд. Вақте кӯдакону наврасон ба мактаб намераванд аз таълиму тарбия дур монда, дар муҳити носолим ба воя мерасанд ва ба корҳои номатлуб даст мезананд, ки ин боиси содир кардани ҷиноят низ мешавад.

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ду қонун ба тасвиб расидааст, ки иҷрои талаботи он ба маърифати оиладории сокинони шаҳр сахт марбут аст. Он ҳам бошад ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” аст.

Расму оинҳои мардумӣ ҳарчанд хазинаи муҳими шинохти тамаддуни миллӣ ба шумор оянд, дар замони мо баргузории бархе онҳо аз меъёр зиёд ва ё боиси масрафи изофӣ  гардида, бо гузашти айём мардум ин рӯйдодҳоро тарзе таҷлил менамоянд, ки ба касодии иқтисод ва афзунии сафи камбизоатон боис гардидааст. Пеш аз ҳама қонуни мазкур ба хотири пешгирии сатҳи камбизоатӣ ва дархӯри шароити замон таҷлил кардани расму оинҳои мавҷуда рӯи кор омад. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки баргузории маросимҳои дафну азодорӣ ва тӯйҳо барои мардуми камбизоат мушкилоти зиёд меорад. Бо назардошти муҳимияти масъала таъкиди он дорам, ки эътирофи талаботи қонуни мазкур ҳатмист ва мо бояд харҷи тую маъракаҳоро камтар намуда, маблағи худро барои донишомӯзии фарзандон ва ҳифзи саломатиашон масраф намоем.

Оила оинаи ҷамъият аст. Ва ҳар ҳусну қубҳе, ки дар ҷомеа намоён мешавад, аз оила ибтидо мегирад. Аз ин рў ҳар яки мову шумо, падарону модарони азиз бояд баҳри устуворӣ ва пояндагии оила, хушнудию хушбахтии оилаҳои ҷавон ва лабханду табассумҳои ширину дилнишини кўдакон саъю талош намоем.

Бори дигар, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рўзи байналхалқии оила  самимона табрик намуда, ба Шумо хонаободӣ, тансиҳатӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунам.

Идатон муборак бошад!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru