Суханронӣ бахшида ба Рӯзи Дави миллӣ

http://www.zoofirma.ru/

Ҳозирини гиромӣ!

Қаблан мехостам ҳамаи Шуморо ба фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ба муносибати чорабинии оммавии варзишии Дави миллӣ табрику муборакбод намоям.

Чорабиниҳои идона ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар айёме баргузор мегардад, ки мардуми шарафманди кишвар бо рӯҳбаландӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шукуфоии минбаъдаи диёр аҳлона меҳнат менамоянд ва муваффақиятҳои нав ба навро соҳиб мегарданд.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат аз ҳарвақта бештар ба масъалаҳои ҷавонон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, соли равонро Соли ҷавонон эълон доштанд.

Ин иқдоми наҷиб ба кору пайкори ҷавонони имрӯза пайваст буда ҳамчунин ба ҳалли муаммоҳои мавҷуда, мавқеъ, ирода, ҷасорат ва кӯшишу ғайрати ҷавонони ба ору номуси Ватан пайванди доимӣ дорад.

Чӣ хеле, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, «Мақсади асосии сиёсати давлат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад».

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши созандаи  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва ин тадбир аз ташаббуси ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ибтидо гирифта, баёнгари он аст, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷавононро ҳамчун нерӯи пешбаранда ва ояндасози ҷомеаи навин эътироф намудааст.

Дӯстони азиз!

Дар ин майдон қисми пешқадам ва фаъоли ҷавонони шаҳр гирд омадаанд. Мехоҳам таъкид намоям, ки ба зиммаи мову шумо масъулияти бузург дар назди ҷомеа нисбати тақдири имрӯзаву ояндаи Ватан, гузошта шудааст.

Ташаккули шуур, маънавиёт, ҳимояи Ватан – Модар, муқовимати шадид ба ғоя ва унсурҳои бегона вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавони ватандору ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Мо бояд дастуру супоришҳои Пешвои миллатро бобати тарбияи насле, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад, таъмин намоем.

Варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррифгари ҳар миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.

Пешвои миллат дар суханрониашон ҳангоми вохӯрӣ бо варзишгарони мамлакат иброз намуданд, ки «Ҳадафи асосии сиёсати давлати мо фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила қонуну қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш ҳамаи шароити заруриро фароҳам орад».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаро мавриди амал қарор дода, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо пайваста чораҳо меандешад.

Бахшида ба ҷашни 3 ҳазорсолагии Ҳисор варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷои нишаст, баъдан толори варзишии Аветсинна, маҷмааҳои варзишӣ дар деҳаҳои Тӯда, Суракчашма, Ғурриёт, маҷмааи варзишӣ дар маҳаллаи ҳаштуми шаҳр инчунин шаш маҷмааҳои варзишӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сохта ба истифода дода шуданд.

Дар ҳудуди шаҳр айни замон 113 майдончаҳои варзишӣ ва 95 толорҳои варзишӣ мавҷуданд, ки баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва беҳдошти саломатии ҷавонон хизмат мекунанд.

Ҳамзамон дар шаҳр мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он 457 нафар наврасон аз руи 13 намуди варзиш тамрин мегузаронанд.

Сафи нафарони варзишгар сол аз сол зиёд мегардад ва боиси қаноатмандист, ки солҳои охир чорабиниҳои оммавӣ - варзишӣ дар қаламрави шаҳр зиёд гардида, мардуми касбу кори гуногун дар онҳо фаъолона иштирок менамоянд.

Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, сарпарасти баргузории чорабиниҳои Соли ҷавонон дар мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар сухани табрикотии худ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кардаанд:

«Биёед, дар меҳвари ҳадафҳои созанда ба хотири шинохти рисолати хеш дар ҳошияи ҳидоятҳои дӯсти бузурги ҷавонон - Пешвои миллат ҳарфи меҳру вафо, садоқату матонат, бовару эътимод ва эҳтирому сипос бигӯем ва дар шоҳроҳи бунёдкориву созандагӣ, рушду нумӯи кишвар садоқатмандонаву устувортар қадам бизанем.»

Пас биёед, ҷавонони азиз бо такя ба ин таъкиди фардосоз мову шумо низ дасти ҳам бигирем ва барои фардои шукуфони шаҳр ва ватани азизамон Тоҷикистон дучанд кору фаъолият намоем.

Ҳозирини гиромӣ,

Чорабинии мазкур дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва шаҳр фазои идонаро гирифта, чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон файзу таровати тоза мебахшад. Баргузории ин чорабинӣ ҳамагонро новобаста ба синну сол, миллат, наҷод ва ҷинсият сарҷамъ месозад.

Имрӯз мо гуфта метавонем, ки Дави миллӣ низ яке аз мусобиқаҳои оммавӣ -варзишӣ ба шумор рафта, сол аз сол нуфузи ин мусобиқа афзуда, хоҳишмандони зиёд дар он иштирок менамоянд.

Боварӣ дорам, ки гузаронидани чунин чорабиниҳои варзишӣ барои беҳтар намудани тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб мусоидат хоҳад кард.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, таъкид он дорам, ки тантанаи шаҳрии Рӯзи ҷавонон санаи 25 май дар варзишгоҳи “Ҷавонон” баргузор мегардад ва бори дигар мардуми шаҳр, ҷавонону наврасон, хусусан ширкаткунандагони Дави миллии имрӯзаро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо муваффақияту дастовардҳои шоиста таманно менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

 

 

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru