Суханронии Раиси шаҳри Ҳисор дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 23 майи соли 2017

http://www.zoofirma.ru/

Ҳозирини гиромӣ!

Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони толеъбаланди шаҳри Ҳисор табрику таҳният гуфта, бо эътимоди комил ба фардои дурахшони мамлакати соҳибистиқлоламон ба ҷавонони бонангу номуси Ватан ва кулли мардуми шаҳр саодату сарбаландӣ, азму иродаи созандагию бунёдкорӣ ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи муосир, ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошанд.

Дар ҳақиқат сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар шароити кунунӣ ҳамчун ҷузъи қавии сиёсати куллии давлати тоҷикон шинохта шудааст, як рукни муҳими хешро дар шинохти арзишҳои маънавии гузаштагон, сабақбардорӣ аз дастовардҳои таърихии аҷдодӣ ва дар ин замина таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ сомон бахшидааст. Ин аст, ки дар Паёми худ бо такя ва эътиқод ба ҳастии ҷавонони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд.

Ҷавобан ба ин щамхориҳо ҷавонон бо нишон додани фаъолияти хуби илмӣ, дониши баланду маърифати комил ва мушарраф гардидан ба дастовардҳои шоён дар баланд бардоштани эътибори ҳамсолон дар ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш менамоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардида, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро густариш диҳанд, ҳамчун инсонҳои бедордилу ватанхоҳ ба таври доимӣ ҳифз ва ташаккули рушди кишварро таъмин намоянд, мероси таърихию фарҳангии кишвари азизамонро ҳифз ва эҳё месозанд.

Ба ибораи дигар ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд.

Имрӯз дар сохтори давлатӣ, бахусус мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву ташкилотҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нисбати солҳои пеш ҷавонон бештар фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ҳамчун захираҳои кадрӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 480 «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» тасдиқ шудааст.

Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ зарур аст, ки Барномаи стратегияи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳр пурра ва самаранок роҳандозӣ гардида, дар баробари ин ҷавонони созанда ва фаъолро лозим аст, ки ҷиҳати боз ҳам ривоҷ додани корҳои созандагӣ иқдому ташаббусҳои нав зоҳир намоянд.

Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста тадбирҳои амиқ амалӣ намуда, ба ҷавонон имкон фароҳам меоварад, то дар заминаи тарбияи худшиносии миллӣ, ҳисси ифтихори ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон суръати рушд дар ҷодаи дигаргунсозиҳо, бунёдкориҳо аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, боварӣ ба фардои дурахшон ва самти босуръати фаъолнокии онҳо алоқамандии калон дорад.

Асосан ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои муҳими таъмини рушду пешравии давлат ва ҷомеаи навин, нерўи созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

Наслҳои оянда, бахусус ҷавонони бедордилу ватанхоҳ бояд ба таври доимӣ ҳифз ва ташаккули рушди кишварро таъмин намоянд, мероси таърихию фарҳангии кишвари азизамонро ҳифз ва эҳё созанд.

Солҳои охир ҷавонони шаҳр, хусусан ҷавононе, ки тибқи квотаҳои Президенти мамлакат таҳсил мекунанд, бо нишон додани фаъолияти хуби илмӣ, дониши баланду маърифати комил ва мушарраф гардидан ба дастовардҳои шоён саҳми худро дар баланд бардоштани эътибори ҷавонон дар ҷомеа мегузоранд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд: «Шумо, ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонед. Аз ин рӯ, бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоед, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге ба дӯш доред».

Бо дастгирии Пешвои миллат барои фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ ва ба варзиш ҷалб намудани ҷавонон дар шаҳр тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.

Сохта ба истифода додани варзишгоҳи замонавӣ барои 20 ҳазор нафар тамошобин бахшида ба ҷашни 3 ҳазорсолагии Ҳисор, толори варзишии Аветсинна, маҷмааҳои варзишӣ дар деҳаҳои Тӯда, Суракчашма, Щурриёт ва даҳҳо иншоотҳои варзишӣ дар деҳоти шаҳр аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо баргузории тантанаҳои бошукӯҳ, чорабиниҳои мухталифи илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ ҳар сол дар қаламрави шаҳр анъана гардидааст.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар арафаи таҷлили чорабиниҳои муҳими сиёсии кишвар 20 - солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон таҷлил мегардад.

Имрӯз, ки раванди сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ пойдор аст, бояд ҳамаи мо, пеш аз ҳама ҷавонони ифтихорманди Ватан мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ягонагии миллатро хуб дарк намуда, зери Парчами Ватан муттаҳид бошем.

Бояд тазаккур дод, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Эълон шудани Соли ҷавонон дар назди ҷавонони шаҳр вазифаҳои муҳимро мегузорад ва ҳар ҷавони ватандӯсту бонангу ор бояд дар ин сол дучанд меҳнат намуда, садоқати худро ба Пешвои миллат ва ба Ватани азизамон баён намояд.

Бо эътимоди комил ба фардои дурахшони мамлакат ҳамаи Шумо, мардуми шаҳр, ҷавонони бонангу номуси Ватанро бори дигар ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям. Бахту саодат ва комёбиву фирӯзиҳо ёратон бод!

Ҷавонони азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru