Суханронии Раиси шаҳр дар чорабинии Рӯзи ҳифзи муҳити зист

http://www.zoofirma.ru/

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳар сол санаи 5 июн аҳли башар, аз ҷумла сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи байналмилалии муҳити зистро ба таври васеъ ҷашн мегиранд.

Мо аз он шукргузорем, ки Тоҷикистон тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табиати бою рангин, обу ҳавои фораму дилкаш, олами набототу ҳайвоноти нодир, кӯҳҳои сергангу осмонбус, рӯду дарёҳҳои шуху беқарор ва чашмаҳои софу дармонбахш бо ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва таасуроти онҳо аз боздиди манзараҳои дилфиреби диёри афсонавиамон дар олам маълуму машҳур аст.

Дар ҳақиқат фарде, ки як маротиба аз кишвари мо дидан намояд таассуроти гирифтааш як умр дар дилу ёдаш нақш хоҳад баст.

Сайёҳони хориҷӣ бо дидани зебогию шоҳкориҳои табиати Тоҷикистон ба ваҷд омада дар навиштаҷотҳояшон онро чун “Дурдонаи табиат”, диёри “Кўлоҳсафед”, кишвари  “Кўлҳои афсонавӣ” ва сарзамини “Файзбор” ба қалам додаанд.

Боиси хушнудист, ки водии Ҳисор махсусан шаҳри Ҳисор дар мавзее ҷойгир шудааст, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ дар иҳотаи қаторкўҳҳои машҳури водии Ҳисор ҷойгир мебошад.

Аз ҳудуди қаторкўҳҳои Ҳисор дарёҳои Хонақоҳ, Қаратоғ, Лучоб ва Кофарниҳон ҷорӣ мегарданд.

Ҳифзи муҳити зист ва табиати ҷонбахш барои мардуми мо вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад. Падару бобоёнамон аз сарватҳои табиат оқилона истифода бурда, бо шинонидани ниҳолу дарахтон, бунёди боғу чаманзорҳо боигариҳои табиатро боз ҳам афзун намуда, ба мову шумо  ин ганҷинаи бебаҳоро ба ёдгор мондаанд.

Аз ин рў, масъалаи ҳифзи муҳити зист, сарватҳои табиат, олами набототу ҳайвонот, тозаю беолоиш нигоҳ доштани рўду дарёҳо ва пешгирӣ намудани ифлосшавии онҳо яке аз масъалаҳои мубрами рўз ба шумор меравад.

Дар ҳудуди шаҳр  айни замон 19721 гектар ҷангал мавҷуд буда, дар онҳо 19 намуди растаниҳои шифобахш, аз қабили чойкаҳак, пудина, ровшак, камол, зирра, испанд, пиёзи анзур, амонқира, ва ғайра меруяд, ки хосияти табобатӣ доранд.

Дар дарёҳои ҳудуди шаҳр моҳиҳои гуногун, ба монанди озодамоҳии аралӣ, гулмоҳии Амударё, муйлабҳои туркистонӣ, лақачаи туркистонӣ, ширмоҳӣ ва ғайра сукунат доранд.

Дар ҷангалзорҳои шаҳр намудҳои гуногуни ҳайвоноту паррандагони нодир, ки дар Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ба монанди: гург, хуки ёбоӣ, хирси малла, мурғи ҳуммо, уқоб, шоҳин ва ғайра умр ба сар мебаранд.

Бо мақсади ҳифзи сарватҳои табиӣ ва оқилона истифода намудани онҳо дар ҳудуди шаҳр ҳанўз аз соли 1989 шўъбаи ҳифзи муҳити зист (ҳамонвақта Кумитаи давлатии ҳифзи табиат) таъсис дода шуда, кормандони ин ташкилот то ба имрўз дар ин самти муҳим аҳлона кору фаъолият намуда истодаанд.

Мо имрўз дар арафаи 45-юмин солгарди Рузи байналмилалии муҳити зист аз тамоми сокинони озодпарасти шаҳрамон, хусусан ҷавонон ва мактаббачагон даъват ба амал меорем, ки нисбат ба табиат ва сарватҳои бебаҳои он бо рафтору кирдори некўашон баҳри рушду нумўи кишвар ва ободии диёри азиз саҳми муносиби худро гузоранд.

Қобили қайд аст, ки тайи солҳои охир дар шаҳр баҳри муҳофизати муҳити зист, тозаю озода намудани кучаю маҳаллаҳо, ниҳолу дарахтон тавассути ҳашарҳои умумӣ ва дигар амалҳои муҳиму хайр ба анҷом расонида шуданд.

Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои бузурги миллӣ ва ба истиқболи Наврўзи Аҷам дар шаҳрамон маъракаи ободонию кабудизоркунӣ, ташкили аксия ва амалиёти “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд, ки дар боло бардоштани фарҳанги экологии мардум мусоидат менамояд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи санитарию экологӣ, деҳаю маҳаллаҳо ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи он 300 метри кубӣ партовҳо аз деҳаю маҳалҳо ва соҳилҳои дарёи Хонақоҳ, Кофарниҳон ва канали калони Ҳисор бароварда шуда, ба партовҷои марказӣ интиқол дода шуданд.

Дар ин аксияҳо зиёда аз 35 техника ва 3000 нафар одамон ҷалб карда шуданд.  Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шуъбаи муҳити зистро ин кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ ташкил медиҳад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи имсолаи кабудизоркунӣ дар асоси қарори   раиси шаҳри   Ҳисор аз  27 декабри соли 2016, №1078 ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд.

Ба ҳолати 12 майи соли 2017 дар ҳудуди шаҳр ба ҷои 23811 бех ниҳолҳо мувофиқи нақша 67710 ниҳолҳои дарахтон шинонида шуданд, ки аз он 9172 бехаш ороишӣ, 5584 бехаш сояафкан ва 52954 бехаш ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда мебошанд, ки 284%-ро ташкил мекунад.

Инчунин дар ин давра  10007 бех гулу буттаҳо ва 3625 бех қаламча шинонида шуд.

Ҳамчунин дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор  гулҳои садбарги  мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Дар ин давра 399,75 гектар боғҳои нав бунёд гаштанд. Вобаста ба баланд бардоштани маърифати экологии мардум аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр мунтазам дар байни аҳолӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва махсусан дар байни муҳассилини таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳои омузгорӣ, тиббӣ ва литсейи касбии техникӣ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ҳамзамон, тавассути рузномаи шаҳрии “Ҳисори Шодмон”, рузномаи соҳавии “Инсон ва табиат”, маҷаллаи ҷумҳуриявии “Ҳифзи табиат” ва тариқи телевизиону радиои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, проблемаю мушкилиҳои соҳа ва ғайра маводҳои зиёде дарҷу пахш гардидаанд.

Ҳифзи табиати диёр, боигариҳои он ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ вазифаи муқаддаси шаҳрвандии ҳар яки мову шумо мебошад.

Мо набояд фаромуш кунем, ки маҳз табиат ва боигариҳои он метавонад инсониятро нигоҳ дорад.

Бояд дар муассисаҳои таълимӣ, аз боғчаҳои бачагона сар карда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу литсейҳо ва дар ҳар як хонавода ба фарзандон пайваста оид ба табиат ва муҳофизати он сабақи комил дода шавад.

Ҷиҳати дигари муҳим дар он аст, ки Ҳисори бостон ҳам аз лиҳози таърихӣ ва ҳам аз лиҳози табиӣ гўшаест, ки диққати сайёҳони хориҷию дохилиро ба худ ҷалб менамояд.

Шукри Истиқлоият, ки мардуми баруманди Ҳисори Шодмон бо кушишу дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби шаҳри зобою замонавӣ гардид.

Бояд ҳар яки мову шумо одоби шаҳдорӣ, қоидаҳои санитарӣ ва озодапарастиро риоя намоем, барои худ ва дигарон намуна бошем ва фарзандонамонро низ дар ҳамин руҳия тарбия кунем.

Солгарди имсолаи ҷашни Рузи байналмилалии муҳити зист ба даврае рост омад, ки кулли мардуми Тоҷикистони азиз, аз ҷумла сокинони бонангу номуси  Ҳисори Шодмон ба ҷашнҳои бузрги миллиамон 20-солагии Рузи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлолити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли чавонон омодагии ҳамаҷониба гирифта истодаанд.

Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки сокинони мулки бостонӣ ҷашнҳои дар пеш истодаро бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ва дастовардҳои бузург сазовор пешвоз гирифта, дар пешравию ободии ин диёри зархез саҳми босазои худро мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи Шумо ҳозирини мўҳтарамро ба Рўзи байналмилалии муҳити зист табрику таҳният гуфта, орзумандам, ки барои сарсабзию ободонии шаҳри Ҳисор ҳар яки Шумо саҳми назарраси  худро мегузоред ва мо дар ояндаи наздик шаҳри Хисорро дучанд ободу зеботар хоҳем кард.

Рузи байналмилалии ҳифзи муҳити зист муборак хамдиёрони азиз.

Саломат бошед!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru