Суханрони ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони азиз!

Дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаву рӯйдодҳои нодире арзи ҳастӣ кардаанд, ки омўзиши онҳо барои имрӯзиёну ояндагон чун сабақи бузург нақши муассир гузошта, баҳри шинохти асолати миллӣ ва худогоҳӣ чун сарчашмаи боэътимод хидмат мекунанд. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатиро метавон дар ин арса чун омили шинохти ҳастии давлат, пойдории сулҳу ваҳдат ва пиёдасозии накӯтарин ормонҳои миллӣ маҳсуб донист.

Рӯзи Парчами давлатӣ амсоли ҷашнҳои нави миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забони давлатӣ барои сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрвандони шаҳри Ҳисор ҳамчун санаи фаромӯшнопазир ва ифтихору сарфарозӣ аз сиёсати тамаддунпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузошта мешавад.

Таърихи навини давлатдориамон ишора бар он дорад, ки эътибору шарафи миллату давлати тозабунёди тоҷикон аз парафшонии Парчами давлатӣ сарчашма гирифта, барои сокинони дилогоҳу ватандӯст он чун нишони муқаддас шоистаи эҳтиром ба шумор меравад.

Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки сокинони Тоҷикистони азиз бо раҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери Парчами давлатии худ манфиатҳои умумимиллиро ҳифз намуда, истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, мавқеи сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ва тантанаи сулҳу суботи диёрро чун гавҳари чашм муқаддас дониста, дар фазои орому осуда кору фаъолият доранд.

Баргузории чорабиниҳои бузург ба ифтихори 25 - солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди истифода қарор гирифтани якчанд иншооти дорои аҳамияти муҳим, идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, суханрониҳои пурмӯҳтавою эътимодбахши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қудрату ҳастии сокинони Тоҷикистон шаҳодат аз он дорад, ки кишвари азизи мо имрўз зери парфишониҳои Парчами давлатӣ аз баракоти ин ҳидоятномаҳо ба сўи музаффариятҳои нав ба нав ва ба самти корномаҳои созандагии дигар қадам мегузорад.

Ҳозирини гиромӣ,

Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи миллати мо аз сарчашма дар аҳди бостон дошта, дар куҳантарин осори хаттӣ роҷеъ ба ливо, алам, парчам, дирафш, ки рамзи давлатдории мардуми ориёӣ маҳсуб мешавад иттилооти муфид рафтааст. Олимон ва донишмандони таърихшинос бар он ақдидаанд, ки парчам чун рамзи ватандориву оини давлатдорӣ маҳсули андеша ва офаридаи гузаштагони ҷасуру далер ва ватандори мо маҳсуб меёбад.

Дар асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарщибгари некию мардонагӣ ба шумор меравад, нақши парчам дар роҳи муборизаҳои озодихоҳӣ, ҳифзи марзу бум ва эҳтиром гузоштан бар он рушан тасвир ёфта, дирафши аз пешдомани худ сохтаи Коваи оҳангар бар зидди бедодгариҳои Заҳҳоки хунхор чун рамзи тантанаи адолат бар зулму ситам хеле машҳур гардида, то замони мо чун Дирафши ковиён маъруфияти хешро ҳифз намуда омадааст.

Маҳз, дар муқобили бедодгариҳои Заҳҳок мардум дар зери ин парчам канори ҳамдигар овардаанд ва аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ дар миёни халқу миллатҳои олам қабул ва шоистаи арҷгузорӣ қарор гирифт.

Дар аҳди бостон шоҳони ориён парчами давлатиро бо зару зевар ороста мекарданд ва гиромӣ медоштанд. Дар парчами шоҳону лашкаркашони пешин аксҳои махсус ҷой гирифта буд. Аз ҷумла, дар парчами Рустам акси шере тасвир шуда буд, ки аҷдаҳорро пахш мекард ва парчами Сиёвуш дар худ акси гавазнро дошт. Лашкаркашон ҳангоми шӯришу низоъҳои худ дар зери парчам гирд меомаданд ва ҳангоми щолибият ҷилвагарии парчам нишони зафар ба шумор мерафт.

Тоҷикон дар замони давлатдории Сомониён зери парчами ин давлати азим зиндагӣ карда, ҳастӣ ва асолати миллии хешро бо шукўҳу шаҳомати хоса барои ҷаҳониён муарирфӣ намудаанд.  Баъдан дар асри 20 дар баробари парчами Давлати шӯравӣ парчами Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистонро низ барафроштанд, ки он чун рамзи давлатдории мардуми тоҷик дар замони Шўравӣ пазируфта мешуд.

Ба истиқлолияти давлатӣ расидан имкон дод, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри таърихии Арбоб баргузор гардида буд, ба марҳилаи нави парчамдории миллии мо асос гузошт. Яке аз масоили муҳиме, ки мавриди муҳокима қарор гирифта буд қабули Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Санаи 24 ноябри соли 1992 бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори ин қасри сулҳовар парафшонӣ кард.

Ба хотири гиромидошти ин ҳодисаи таърихӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.

Эҳтироми Пешвои миллат ба Парчами давлатиамон дар канори дигар фазилатҳои наҷиби ватандўстонаи он кас буд, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мардуми тоҷик дар муддати кӯтоҳ ба низоъу даргириҳои дохилӣ хотима бахшид. Дар натиҷа мо ба таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа, рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем.

Ҳозирини гиромӣ!

Фарҳани парчамдорӣ ва нуфузу мақоми сиёсиву маънавии он парчам дар низоми давлатдорӣ боис бар он гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар Парчаме чун рамзи ватандорӣ парафшон гардида, бо шукўҳу шаҳомати рангҳои мухталифи хеш рамзи ҳастии миллати тоҷик ва шўҳрату мақоми таърихии онро таҷассум намояд.

Имрӯз барҳақ Парчамро сари баланди халқ низ медонанд ва ҳар ҷо Парчами давлати барафрохта шавад мардум бо ифтихори бузург ва бо сари баланд ба сӯи он менигаранд. Парчами давлат дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият будан, дар худ армон ва умедҳои сокинони мамлакатро таҷассум менамояд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр кардаанд: «Худшиносӣ дар таълимоти бузургонамон маънои маҳдуди фардиро не, балки моҳияти васеъ ва ҳатто кайҳониро дорад: манзур мақому манзалати инсонии худро дар пайвастагӣ бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Яъне, хештаншиносӣ дар маҷмӯъ моҳияти озодихоҳӣ ва истиқлолҷӯиро дорад».

Ҳозирини арҷманд!

Бо мақсади қадршиносии бештар аз Парчами давлатии худ мо соли гузашта дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр майдонеро бо номи Парчами давлатӣ бунёд намуда, дар пояи баландиаш 21 метр Парчами давлатиро насб намудем, ки он низ чун ифодагари пояндагии давлати соҳибистиқлоламон ҳар фарди бошуур, мардуми баору номуси шаҳрро ба идомаи корномаҳо баҳри таҳкиму ҳамдигарфаҳмӣ, рушду нимӯи Ватан ва таъмини зиндагии сазовор ва муҳимтар аз ҳама ба таҳкими щояҳои ватандорӣ, муҳаббат ба ин сарзамини бузург даъват менамояд.

Дӯст доштан ва эътироф намудани Парчами давлатӣ ин ҷашни тозабунёдро умумимилливу мардумӣ ва мукаммал мегардонад. Дар канори ин, агар сокинони шаҳр парчамро дар пештоқи хонаву корхона, нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ парафшон намоянд, ин тадбири наҷиб метавонад беҳтарин рамзи изҳори муҳаббат ба Ватан, давлату миллат ва Парчами давлатӣ бошад, зеро эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат буда, аз беҳтарин хислатҳои ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз ощози таърих то ба имрӯз ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихор он аст, ки солҳои охир бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари парафшонии худ дар бузургтарин созмону ташкилотҳои байналхалқӣ, сафорату консулгарӣ дар баргузории мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ Парчами давлатии мо, ба мардуми сайёра пайке аз пойдорию устувории давлати тоҷикон ва мақому манзалат, инчунин саҳми назарраси онҳо дар рушди тамаддуни башарӣ мерасонад.

Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намуданд, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаро ба сӯи ҳадафҳои бузург ва наҷиб сарҷамъ ҳидоятгар аст. Он нишони соҳибдавлатӣ, озодӣ ва шукуфоии фардо кишвар буда, моро ба муттаҳидиву ягонагӣ даъват мекунад ва дар роҳи татбиқи сиёсати оламгиру тамаддунофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро нусрату музаффарият ва сарфарозии Парчами давлатӣ бештару афзунтар насиб хоҳад гашт.

Бо чунин таманниёти нек фарорасии рўзи Парчами давлатиро ба ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар симои Шумо тамоми сокинони шаҳри азизамонро самимона таҳният намуда, бароятон ҳамчун парчами давлатиямон сари баланду иқболи нек, рӯи сурху рӯзгори сабзу хуррам ва бахти сафеду фарощати зиндагиро таманно дорам.

Бигзор, парчами давлатии тоҷик, то абад парафшон бошад!

Саломат бошед.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru