ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз762
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7815
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36798
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075448

Суханронии Раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Мӯҳтарам афсарон ва сарбозон,

Ҳозирини гиромӣ,

Ҳар сол санаи 23 феврал сокинони Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллиро бо ифтихор аз соҳибистиқлолию якпорчагии Ватани азизи худ ҷашн мегиранд. Ин санаи фархундаро аз номи сокинони шаҳр ба ҳомиёни Ватан сидқан муборак бод гуфта, дар роҳи пуршрафу боифтихор – хизмат ба Ватан ва ҳимояти марзу буми кишвар барояшон тани сиҳат, рӯзгори обод, зиракии сиёсӣ ва накутарин ормонро таманно дорам.

Бо назардошти муҳимияти масъала 24 сол муқаддам санаи 23 феврали соли 1993 бо иқдом ва пуштибонии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони пурошӯби таъсиси нахуст пояҳои давлатдорӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки яке аз сохторҳои муҳими низомии кишвар буда, аз он замон то рӯзгори мо дар роҳи дифои итстиқлолият, таъмини амнияти марзу буми мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми диёр корнамоию ҷасорати беназирро аз худ боқӣ мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад». Ҳамчунин Пешвои миллат аз сиёсати дифоии кишвар борҳо ёдовар шуда, ҳифзи Ватан, музаффариятҳои истиқлол, ҳаёти орому осоиштаи мардум ва таъмини амнияти устувори кишварро вазифаи ьар як шаҳрванд арзёбӣ намудаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намуда, рисолати касбии худро ба ҷо меорад ва дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми таърихӣ ва беназир дорад. Оньо ҳамеша ба ҳифзи Модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода буда, Ватанро ҳамчун модари худ дӯст медоранд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ,

Расидан ба сулҳу ваҳдати комил ва пойдорию устувории он дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби мардуми кишвар ва сайёра ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ шинохта мешавад, симои Пешвои миллати моро ҳамчун меъмори ваҳдат, сиёсатмадори дурандешу ватандӯст ва роҳнамои ҳамдилию ва ҳамзистии халқҳои сайёра дар асри навин муаррифӣ кардааст. Мову шумо хуб медонем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пиёдасозии сиёсати худ андешаи созандаи мардуми тоҷик ва хиради волои ниёгонамонро асоси фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дода, дар кӯтоҳтарин фурсат давлату иқболи беназиреро барои мо тоҷикон насиб гардониданд, ки дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои олии давлатдорӣ саҳми сарбозону афсарон ва дигар ниҳодҳои қудратӣ низ хеле назаррас аст.

Чун мо дар рӯзи ифтихор аз қаҳрамонию ватандории фарзандони абармард, ҷасуру далер ва ҳомиёни Ватан қарор дорем ва дар ин толор хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр ҳузур доранд бори дигар вазифадор ҳастем, ки дар ситоиши диловарию ҷонфидоии Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ барин фарзандони ватандӯст суханони шоиста гӯем. Ҳамчунин ҷасорату диловарӣ ва қаҳрамонию корнамоиҳои ибратомӯзи падарон ва бобоёни худро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба муқобили фашизми гитлерӣ бо некӣ ба ёд оварем ва аз он сабақи ватандорию қаҳрамонӣ биомӯзем ва дар замири насли ҷавон эҳсоси ватандорию зиракии сиёсиро тақвият бахшем.

Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун кафили амнияту осоиши сулҳу суботи кишвар ташаккул ёфта, аз ҳисоби дастпарварони мактабҳои олии кишвар ва муассисаҳои таълими ҳарбии давлатҳои хориҷӣ сафҳои худро мустаҳкам карда истодааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникц, ҳам аз лиҳози қудрату маҳорати ҳарбӣ ва низоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалият дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор низ таъмини амнияти кишвар, сулҳу оромӣ ва ҳамкориро ба ҷузъу томҳои Қавваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки дар онҳо фиристодагони шаҳри Ҳисор адои қарзи шаҳрвандӣ доранд, аз самтӣои муӣими фаъолият қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом мерасонад. Мо соли гузашта сафари падару модарони сарбозонро ба қисмҳои ҳарбии дар вилояти Суғд буда ташкил кардем ва волидайни сарбозон дар маҳал аз рафти хизмат ва шароити буду боши онҳо шинос шуданд ва бори дигар аз наздик огоҳ гардиданд, ки барои хизмат имрӯз дар қисмҳои ҳарбӣ ҳамаи шароит фароҳам аст. Ин анъанаро мо имсол низ идома дода, тасмим гирифтаем, ки сафари падару модаронро ба қисмҳои ҳарбии вилояти Хатлон ташкил намоем ва бовари дорам иҷрои ин амал аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

Ҳамчунин мо рӯзҳои дарҳои кушодро барои хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр ташкил намудем то ҷавонписарони мо аз ҳастии Қувваҳои Мусаллаҳ ва рафти хизмати бародарони худ шинос шуда, дар замирашон эҳсоси дӯстдории ватан ва хизмат намудан дар Артиши миллӣ дучанд зуҳур ёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нангу орияти ватандории ҷавонони кишвар эътимоди комил доранд ва дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки вазифаи ҷомеаи муосир тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аст.

Хидмати Ватан қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

Хурсандиовар аст, ки ҷавонони шаҳри Ҳисор ба анъанаҳои сарбозони шуҷоъ – падару бобоёни худ содиқанд ва боварӣ дорем, ки ҳар яки онҳо қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Ватан – модар адо мекунанд. Итмонони комил дорам соли ҷорӣ, ки бо такя ба қудрату ватандӯстии ҷавонони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардидааст, мо ҷавонони шаҳр дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва адои қарзи шаҳрвандӣ дар назди Модар-Ватан дучанд кору фаъолият намуда, садоқати худро дар роҳи татбиқи сиёсати Пешвои миллат бештару беҳтар аён хоҳем кард.

Бо чунин андешаи нек Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро аз номи сокинони шаҳр ба ҳамаи ҳомиёни Ватан ва аҳли оилаи онҳо сидқан муборак бод гуфта, дар роҳи пуршрафу боифтихор – ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлату миллат ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ барояшон хонаободию сарбаландӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хушбахтӣ ва пирӯзию муваффақиятро таманно дорам.

Бигзор Артиши миллии мо ҳамеша чун рамзи саодатмандц ва қудратнокии мардуми шарифи Ватани азизамон боқӣ монад!

Ҷовидон бод Тоҷикистон бо Артиши сулҳпарвар ва боқудрати худ.

Ид муборак, ҳомиёни Ватан!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru