ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз849
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7902
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36885
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075535

Суханронии Раиси шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар

http://www.zoofirma.ru/

Модарони азизу гиромиқадр!

Бонувони арҷманд!

Ба муносибати Рӯзи Модар, ки аз омадани зеботарин фасли табиат - баҳори нозанин башорати неку саодатмандӣ медиҳад, шуморо самимона таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ, хушиҳои рӯзгор ва нишоти умрро таманно менамоям.

Ба оғози фасли зебои сол рост омадани иди модарону бонувони азиз рамзи шукуфоӣ ва маҳзари зебоӣ буда, нишоне аз файзу таровати ҷовидонии модарон аст.

Воқеан, сиришти модарон аз покиву зебоӣ, сидқу вафо, рисолати офарандагӣ ва созандагӣ бунёд гардидааст ва ба ибораи дигар дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад.

Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон дар айёми баҳору эҳёшавии табиат - Рӯзи Модар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Таҷлили сазовори ин рӯзи муборак рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд таъкид намуда, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Модарони арҷманд!

Таърих гувоҳ аст, тамоми хирадмандону гузаштагон пеш аз оғози корнамоиҳои бузург аз модар дуо мегирифтанд. Имрӯз ҳам дуои модар барои мо фатҳу кушоиш аст. Ӯ сарчашмаи меҳру шафқат, поягузори рӯзгори босаодат, равшангари зиндагӣ ва идомабахши ҳаёти башарист. Ҳамчунин зиндагӣ  собит месозад, ки ҳар ҷое, ки занону модарон фаъолият доранд, он ҷой обод буда, меҳру самимият ва муносибати неку инсондӯстӣ пойдору устувор аст.

Ба бузургӣ, шараф ва зебоии модар беҳтарин фарзандони бохирад ва ҳунармандони нобиға, ҷумлаи инсонҳо, ки аз ҷаҳони маънавии модар манзалати баландро сазовор гардидаанд, эьтирому арҷ гузоштаанд.

Аҷдодони бохиради мо пеш аз  оғози корнамоиҳои бузург ва ҳар маъракаву маросимҳои миллӣ аз модар дуо мегиранд, ватанро модар медонанд ва ҷон доданро барои Ватан шарафи бузург меҳисобанд. Модар рамзи оташ, гармӣ ва хушбахтии хонадон ба ҳисоб мерафт.

Мо ифтихорманд ҳастем, ки занону модарони хирадманду оқил, муборизу озодихоҳи тоҷик дар паҳлӯи мардон барои озодиву осоиш ва истиқлолияти сарзамини аҷдодиамон талошу мубориза бурдаанд.

Ин рисолати занон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам равшантар зуҳур ёфт.

Бо ҳидоят ва сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибстиқлолии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои назаррас ба анҷом расидааст.

27 декабри соли 1993 аз байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин шуда Ҷумҳурии Тоҷикистон «Созишномаи барҳам додани ҳама гуна маҳдудияти ҳуқуқи занон»-ро имзо кард.

Ҳамчунин дар кишвари мо як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул ва мавриди амал қарор дорад.

Барои дар амал татбиқ намудани ин санадҳо корҳои зиёд ба анҷом расидааст, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор зиёда аз 220 нафар занон дар вазифаьои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият доранд. Инчунин, 6 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мебошанд.

Ҳамчунин занони шаҳри Ҳисор дар муассисаҳои таълимию тиббӣ, хоҷагиҳои деҳқону ва корхонаву ташкилотҳо чун роҳбар фаъолият доранд ва мо имрӯз метавонем номи даҳҳо нафар аз бонувони шаҳрро ба забон орем, ки дар ҷодаи илм, фарҳанг ва варзиш ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо хуб аст, вале дар баробари ин моро зарур аст, ҷиҳати баланд бардоштани савияи ҳуқуқии занон эътибори бештар бояд зоҳир намоем, зеро ин омил ба пешгирии ноадолатӣ, ҳуқуқпоймолкунц хушунати хонаводагӣ мусоидат менамояд.

Барои зан - модар пирояи асосӣ дониш ва маърифат, завқи баланд ва ҷаҳонбинии фарох аст. Камолу ҷамоли занон ҳам дар илм асту ҳам дар ҳилм.

Зан – модаре, ки савод ва дониши комил дорад, албатта фарзандро шоиста тарбия менамояд ва маърифати оиладории хуб ҳам дорад.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин маънӣ Сарвари давлатамон ҳанӯз соли 1997 квотаи президентиро бо мақсади дониши комил гирифтани ҷавонону духтарон ва хубтар ба роҳ мондани тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ ҷорӣ намуданд ва имрӯз садҳо нафар духтарони шаҳр бо квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил доранд.

Аз ҳисоботи оморӣ бармоеояд, ки ҳанӯз ҳам ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтан хонандагон, махсусан духтарон дар баъзе аз деҳаву маҳалаҳои шаҳр боиси нигаронӣ аст. Пешвои миллат борҳо моро таъкид кардаанд, ки нисбати таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошем ва онҳоро босавод ва соҳиби касбу ҳунар ба камол расонем. Инсон аз рӯзи таваллуд то дами марг ба тарбия ниёз дорад ва аз шумо модарони арҷуманд хоҳиш мекунам дар ҳали ин масъала бо омӯзгорон ҳамкориро беҳтар ба роҳ монда, ба муассисаҳои таълимӣ барои огоҳӣ аз вазъи корҳои таълимию тарбиявии омӯзгорон ташриф оред ва мо танҳо дар якҷояги метавонем талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар амал татбиқ намоем.

Рушан аст, ки зан ва модари бомаърифат муайянкунанда ва созандаи маърифат ва маънавиёти ҳар як миллат аст.

Чунонки шумо огоҳ ҳастед, бо мақсади камхарҷ ва судманд баргузор гардидани тую маъракаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” қаабул гардид, ки иҷрои талаботи қонуни мазкур ба кордонии шумо модарон ва бонувони арҷманд алоқаи қавӣ дорад.

Соли 2016 дар ҳудуди шаҳр 18 ҳолати қонуншикани барои риоя накардан ба талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ошкор карда шуда, нисбати он протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба Суди шаҳр пешниҳод карда шуд.

Дар бахши сабти асоноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Ҳисор - 8033 адад сабти таваллуд  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 354 адад зиёд аст.

Ҳамчунин 1 ҳазору 939 ҷуфт сабти никоҳ ба қайд гирифта шуда 325 ҷуфт бекор кардани ақди никоҳ аст, ки нисбати соли гузашта 54 адад зиёд мебошад. Давоми соли гузашта  1 ҳазору 761 адад барқарор намудани таваллуд, 1 ҳазору 320 адад муқаррар намудани падарӣ -  нисбати соли гузашта 159 адад зиёд  ва  38 адад муқаррар намудани фарзандхонц   ба қайд гирифта шудааст, ки сари ин масъалаву муаммоҳои мавҷуда шумо бояд бетарафӣ зоҳир нанамоед.

Масъалаи дигаре, ки имрўз моро сахт ба ташвиш овардааст ин  вайроншавии оилаҳои ҷавон мебошад.

Шумо модарон бояд баҳри баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги оиладорӣ, тайёр намудани духтарон ба ҳаёти оилавӣ, соҳибмаълумот ва соьибкасб намудани ҷавондухтарон саъю кўшиш намоед. Вақте духтаронро оиладор мекунед аз вазъи зиндагии рӯзгори ҷавони домодшаванда огоҳ шавед. Воқеаҳои зиёдро метавон сари ин масъала мисол овард, ки духтарон чун ҳамсари дуюм ва ё сеюм ба шавҳар баромадаанд. Андеша кунед, марде, ки ба қадри оилаи аввал ва фарзандони солеҳу бегуноҳи худ нарасида бори дигар оиладор мешавад оё ӯ ба қадри ҳамсари дигар мерасад?. Мо вазифадорем ин анъанаро дар ҳудуди шаҳр комилан барҳам диҳем ва дар сурати сар садани чунин ҳодисаҳо шумо метавонед ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ё ба сохторҳои қудратӣ муроҷиат намоед то мо миқдори вайроншавии оилаҳо ва шумори зиндасағирии кудаконро кам ва бо гузашти вақт барҳам диҳем. Дар ин замина пешгирӣ намудани никоҳи хешутаборӣ ва танзими оиладорӣ метавонад солимии ояндаи миллати моро таъмин намояд.

Мо борҳо дар сӯҳбату вохӯриҳоямон таъкид менамоем, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд, бунёди оила, саводнокии фарзандон ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” мо бояд бештар эътибор диьем. Чун имрӯз дар ин толор занону бонувони фаъол, собиқадор, соҳибмаълумот ва ҷамоатчӣ ҳузур доранд, бори дигар ёдрас менамоем, ки мо ҷиҳати рафъи ин камбудиҳо вазифадор ҳастем бештару беҳтар масъулиятшинос бошем.

Ҳамчунин итминони комил дорам ҷавонони шаҳри Ҳисор дар Соли ҷавонон нақшаи даъватро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз аввалинҳо шуда иҷро хоҳанд кард ва дар иҷрои ин амал бовари дорам шумо модарони азиз дар сафарбар кардани фарзандон ба хизмати Модар-Ватан бо мо ҳамкорӣ ва ҷонибдорӣ хоҳед кард.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам диққати шуморо ба он ҷалб намоям, ин зиёд шудани ҷиноят хусусан дӯздию ғоратгарӣ дар байни ҷавонон аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ноболиғони шаҳр вақти зиёди худро дар марказҳои компутерӣ мегузаронанд ва ба оварагарди машғуланд.

7 ҳазору 536 нафар шаҳрвандони шаҳр дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аз он 6 ҳазору 334 нафарро мард ва 1 ҳозору 202 нафарро занон ташкил медиҳанд. Фарзандони заноне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад дар тарбия ва парастории кӣ ҳастанд, ба чӣ кор машғуланд, ба таълим фаро гирифта шудаанд ё не бояд шумо модарони арҷманд ва занони фаъол огоҳ бошед. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр вазифадор аст масъалаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо раисони маҳалла мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва дастгирии ин тоифа фарзандон чораҳои амалӣ андешад.

Мо ҳамагон вазифадор ҳастем талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя ва дар амал татбиқ намоем.

Модарону хоҳарони азиз!

Ҳамчунин мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон – Наврӯзи Аҷам қарор дорем. Наврӯз ва Рӯзи Модар воқеан ҳам аз ҷашнҳои муқаддаси миллии тоҷикон мебошанд. Ин идҳои бошукӯҳ ба мисли эҳёшавии табиат, сабзиданҳои баҳорӣ, гармии хуршед ба зиндагонии мову Шумо файзу таровати тоза мебахшанд. Мо дар ҳудуди шаҳр 120-рузи ободонӣ эълон кардем. Фарорасии ин идьои бошукӯҳ вазифадор мекунад, ки корҳои ободкорию тозагиро аз манзили зист, дарвозаи хона, кӯчаву маҳалла оғоз намуда, бо ташкили ҳашар ва рӯзҳои шанбегӣ маҳали зистамонро бештар обод намоем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст рӯзҳои наздик дар ҳудуди шаҳр беш аз 30 ҳазор бех гули садбарг ва дигар гулҳои ороишӣ шинонад. Мо имсол беш аз 1200 бех арча шинонидем. Шинонидани ниҳолу дарахт агар кори савоб бошад онро хушк кардан ва шохаву тани онро шикастан ьам дар шариати ислом ва ҳам аз нигоьи ҷомеадорӣ гуноҳи азим аст. Бисёр мехостам нисбати дарахту бутта ва гулҳое, ки дар назди манзили зист шинонида мешавад, шумо масъулиятшинос бошед, зеро я сатил об додан ба дарахту гулҳо кори душвор нест, баракс кори савоб ва воситаи тарбияи насли ҷавон аст.

Соли равон низ барои мардуми шаҳри Ҳисор соли таърихист ва имсол мо 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоем ва аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 эълон шудани Соли ҷавонон масъулияти моро дар тарбияи насли наврас, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ташкили сӯҳбату вохӯриҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва муҳим аз ҳама ҳифзи марзу буми Ватан дучанд менамояд.

Модарони арҷманд,

Дар  иҷрои рисолати модарона ба ҳамаи Шумо барори кор хоста, бори дигар фарорасии ин санаи фархундаро таҳният мегӯям ва орзуманди он ҳастам, ки рӯзгоратон чун ин фурсатҳои сабзи оғози баҳори нозанин шукуфову гулафшон ва зиндагониатон лабрези нури ишқу ихлосу иродат бошад.

Ид муборак, модарони азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru