ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз720
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7773
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36756
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075406

Суханронии Раиси шаҳри Ҳисор дар нишасти матбуотӣ

http://www.zoofirma.ru/


Мӯҳтарам рӯзноманигорон,

Ҳозирини гиромӣ.

Соли 2016 дар таърихи кишвари азизамон ҳам аз нигоҳи таърихӣ ва ҳам аз лиҳози моҳияти сиёсию иҷтимоӣ соли дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рўйдодҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ ва падидаҳои фараҳбахш арзёбӣ гардида, сокинони мамлакат таҳти ҳимоят ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанаи сулҳу субботи комил ва ҳамдилию якдигарфаҳмӣ соли равонро бо меҳнату натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  якчанд корхонаи саноатӣ ва иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, арзи вуҷуд намудани даҳҳо хоҷагии деҳқонии нав, афзоиши бештари истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва дигар нишондиҳандаҳои барномавӣ аз фаъолияти устувори тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дарак медиҳад.

Давоми соли ҷорӣ ду маротиба сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳр ва иштирок дар ифтитоҳи иншоотҳои ҳаётан муҳим,   мардуми шаҳрро рӯҳбаланд намуда, ба талошу кӯшишҳои азим ҷиҳати татбиқи дурнамои стратегии мамлакат раҳнамо сохтанд.

Як нуктаро мехоҳам бароятон ёдрас намоям, ки санаи 18 ноябри соли  2016 бо мақсади ошноии бештар дар асоси дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 нафар рӯзноманигорон бо намояндагӣ аз рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", "Садои мардум", "Халқ овози", "Ҷавонони Тоҷикистон", "Тоҷикистон" ва дигар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва васоили ахбори электронию телевизионӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз иншоотҳои ҷашнӣ ва вазъи фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар маҳал шинос шуданд.

Таъсис ва фаъолияти бощчаи кӯдаконаи “Табассум”, меҳмонхонаи “Усто Набот”, маркази савдои “Сироҷиддин”, фермаи чорводории ба номи А. Юсупов ва дигар корҳои ободонию созандагии дар ҳудуди шаҳр амалӣ гардида, ба аҳли қалам таъсироту хотироте нек гузошт ва ҳамагон ибрози он доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо боиси баёни ҳақиқат ва ҳидояти ҷомеа ба корҳои бунёдкорӣ хохад гашт.

Муҳтарам ҳозирин,

Дар соли 2016 ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз мақомоти болоӣ 278 адад санадҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари назоратӣ ва аз ташкилоту муассисаҳои дохили шаҳрӣ 1157 мактубу пешниҳод ва дархостҳо ворид гардиданд.

Дар ин давр ба унвонии дастгоҳи Раиси шаҳр 7 ҳазору 769 адад муроҷиати хаттӣ ворид гардид, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 272 адад кам мебошад.

Дар даври ҳисоботӣ аз тарафи Раиси шаҳр 46 маротиба қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, дар маҷмуъ муроҷиати шифоҳии 1539 нафар шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.

Ин ҷо саволе бармеояд, ки шаҳрвандон бештар  баррои ҳалли кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд. Таҳлили масъала нишон медиҳад, ки қисми бештари муроҷиатҳои шаҳрвандон ин барои гирифтани қитъаи замин, вобастакунии қитъаи замин, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди бощҳо, таъмири роҳ, бунгоҳу мактаб ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Баргузории Рӯзҳои қабул вазъи ҷомеа ва зиндагии аҳолиро баён мекунад ва ягон муроҷиати шаҳрвандон бе назарат намондааст ва ҳамаи муроҷиатҳои воридгардида аз ҷониби масъулон мавриди иҷро қарор гирифт. Ба андешаи ман хуб ба роҳ мондани кор боиси он гашт, ки назар ба соли гузашта 3 ҳазору 272 муроҷиат кам ба қайд гирифта шуд.

Соли ҷорӣ низ тибқи ҷадвали махсус баргузории Рӯзи қабули Раиси шаҳр дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва деҳаҳои сераҳолӣ дар назар аст ва мо дар ҳамроҳи бо намояндагони ҳамаи соҳаҳо бо аҳолӣ дар деҳаву ҷамоатҳо вохӯри доир намуда, мехоҳем, ки ҳамкории мақомоти давлатиро бо аҳолӣ бештар тақвият бахшем.

Муҳтарам ҳозирин,

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар соли 2016 ба маблащи 96 миллиону 514 ҳазор сомонӣ буда, иҷроиши он бошад,  85 миллиону 743 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба андозаи 89,0 фоиз таъмин гардидааст. Нисбати нақшаи пешбинишуда  маблащи 10 миллиону 770 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба  маблащи 5 миллиону 879 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 6,5 фоиз зиёд мебошад.

Таъсири буҳрони молиявӣ, рақобатнопазирии маҳсулоти корхонаҳо, муфлисшавӣ ва бо технологияи замонавӣ таъмин набудани чанде аз корхонаҳо боиси он гардид, ки фаъолияти худро қатъ намоянд. Ҳарчанд воридшавии маблащ дар қиёс бо соли 2015 ба миқдори 5 млн. 879 сомонӣ зиёд гардида бошад, ҳам мо нақшаи буҷети шаҳрро таъмин карда натавонистем ва ин масъала моро ором намегузорад ва соли ҷорӣ мо баргузории мулоқотро бо роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон ба нақша гирифтаем то  сарчашмаҳои маблащгузориро дар ҳамкории дуҷониба дарёфт намоем. Омили дигаре, ки таъсири хуб хоҳад гузошт ин бунёди “Корхонаи металлургии тоҷик” аст, ки дар сурати пурра фаъолият кардан 500 нафарро  ба ҷои кор таъмин мекунад ва боиси щанигардонии буҷети шаҳр хоҳад гашт.

Чунон ки иброз доштам соҳибкорони шаҳр бунёди чанд корхонаҳои хурди дигарро ба нақша гирифтаанд ва дар сурати иҷрои ин амал мо метавонем нақшаи буҷети шаҳрро таъмин намоем.

Масъалаи дигаре, ки мо онро зери назорати доимӣ қарор додаем ин пардохти нафақа аст.

Шумораи нафақагирони шаҳр 19551 нафар буда, барои саривақт пардохт кардани нафақаи нафақахӯрон тадбирҳо андешида шуданд. Нафақаи нафақахӯрон  дар соли 2016 бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр он доштанд, ки Тоҷикистон аз давлати аграрӣ-саноатӣ бояд ба саноатӣ - агарарӣ табдил дода шавад.

Ба самъи шумо мерасонам, ки дар шаҳри Ҳисор теъдоди  корхонаҳои саноатӣ  50 адад буда, дар давраи ҳисоботӣ 42 ададаш фаъолият намуд, ки 28 адади он фаъолияти мавсимӣ доранд.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2016 ба маблащи 98,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намуданд, ки ин нишондод нисбати ҳамин даври соли гузашта 27,8 млн. сомонӣ, ё худ 30,7% зиёд шудааст. Ин нишондоди ҳадди ниҳоӣ нест ва мо соли ҷорӣ тасмим гирифтаем, ки раванди рушди соҳаро такмил диҳем. Барои ин дар шаҳр шароит фароҳам аст ва мо корро дар ин самт идома медиҳем.

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва аз байн рафтани маҳдудияти интиқоли барқ барои рушди соҳаи саноат заминаи мусоид фароҳам меоварад ва соли 2016  масъулони шабакаи барқи шаҳр 12 адад трансформаторҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда, 58 адад симчўбҳои корношоямро  иваз карда шуданд. Мо бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 12 км роҳро асфалтпӯш кардем ва дар деҳаи Ноҷии боло як купрукро сохта ба истифода додем. Ҳамчунин чанд минтақаи дигари роҳҳо ҳастанд, ки бояд таъмиру тармим кунем ва соли ҷори низ дар самт корро идома хоҳем дод.

Шумо хуб огаҳ ҳастед, ки асоси хоҷагии халқи шаҳри Ҳисорро соҳаи аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад ва натиҷаҳои фаъолияти соҳа дастраси шумо гардидааст ва ман бо мақсади истифодаи самарноки вақти барои нишасти матбуотӣ ҷудогардида, намехоҳам ҳамаи ин нишондиҳандаҳоро ба шумо бозгӯ намоям ва мо соли ҷорӣ низ азми он дорем, ки дастовардҳои меҳнатии кишоварзони шаҳрро боз дучанд афзун намоем.

Ин ҷо мехоҳам як нуктаро бароятон ёдрас намоям, бо шарофати ҳидоят ва дастгирии Пешвои миллат соли 2016 канали Қизилдашт ба маблащи 1 миллиону 850 ҳазор сомонӣ ба дарозии 27 километр аз нав эҳё гардида 816 гектар замин обёрӣ шуд. Обёрии замини ин минтақа боиси баланд гардидани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ гардид.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ин вусъат бахшидан ба рушди босуботи соҳаи маориф ва фарҳанг буда, дар ин ҷода оид ба иҷроиши Барномаҳои давлатии соҳа, доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мақому манзалати омӯзгорону аҳли зиё ҳамчун тарбиятгарони насли навраси ватандӯсту ободкор корҳои зиёде иҷро гардиданд.  Чун соҳаи маориф соҳаи муҳим маҳсуб меёбад мо нисбати рушди соҳаи мазкур таваҷҷӯҳи домӣ дорем ва як масъалае, ки моро ором намегузорад ин таъмини мактабҳо бо омӯзгорони соҳибихтисос ва дорои маълумоти олӣ мебошад. Чунон ки дар ҳисобот омадааст  аз ҷиҳати маълумотнокӣ   2175 нафар маълумоти олӣ, 1356 нафар маълумоти миёнаи омўзгорӣ,  107 нафар маълумоти олии нопурра доранд. 81 нафар омўзгорон бо маълумоти миёнаи умумӣ, ки донишҷўёни солҳои 1 ва 3-и муассисаҳои олӣ ва миёнаи омўзгорӣ мебошанд, кор ва фаъолият мекунанд. 81 – нафар омӯзгорон бо маълумоти миёнаи умумӣ чӣ таълим медиҳанд ба хонандагон шумо хуб медонед ва мо ба ҷои кор омадани хатмкунандагони мактабҳои олиро зери назорат қарор додаем ва давоми як-ду соли оянда ин масъала ба пуррагӣ бояд ҳалли худро ёбад.   Зеро давоми солҳои 2006- 2016 219 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуда то имрӯз 85 нафар хатм карда бо ҷои кор таъмин шудаанд ва 125 нафар таҳсилро идома медиҳанд ва дар сурати хатм кардани муассисаҳои олии омӯзгорӣ мо онҳоро бо ҷои кор таъмин мекунем, ки боиси ислоҳи ин камбудӣ хоҳад шуд.

Масъалаи дигари ҳалталаб ин таъсиси муассисаҳои томактабӣ аст. Дар ҳудуди шаҳр 8 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда, дар онҳо зиёда аз 1135 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки  танҳо 3 %-и талаботи шаҳрро қонеъ мегардонад. Соли ҷорӣ бощчаи бачагонаи “Табассум” ба фаъолият шурӯъ кард ва мо тавонистем ба қадре ин масъаларо ҳал кунем ва моро зарур аст, ки барои бунёди муассисаҳои томактабӣ чораҳои мушаххас андешем.

Кори дигаре, ки соли ҷорӣ мо анҷом додаем ин муассисаҳои таҳсилоти умумии №76, №86, №93, №102 аз муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва муассисаи таҳсилоти ибтидоии №110  аз муассисаи ибтидоӣ ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ табдил дода шуд.

Ҳамчунин дар деҳаи Ҳофизкада бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои ҳамаи шароиту технологияи замонавӣ буда, беназир аст. Ҳамчунин дар асоси нақша бунёду таъмири мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад ва мо то ҷое метавонем соҳаи маорифро дастгири мекунем зеро ояндаи ҷамъият дар дасти насли наврасу ҷавон аст. Бо назардошти муҳимияти рушди соҳа ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон 70%-и маблащҳои буҷети шаҳр ба соҳаи маориф нигаронида шудааст ва ин низ нишони он аст, ки пешбурди соҳаи маориф яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи шаҳри Ҳисор маҳсуб меёбад.

Дар соҳаи тандурустӣ низ корҳои зиёд ба сомон расид ва дар соли 2016 бо кўмаку дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ деҳаю маҳаллаҳо марказҳои саломатии деҳоти Ҳисор, Ҷавонӣ ва Дучинора аз таъмири хушсифат бароварда шуда, маркази саломатии Гули Сурх баъди азнавсозӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Инчунин, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Гачак, Булбулчашма, Сунбула, Кушкак аз таъмир бароварда шуда, сохтмони бунгоҳи саломатии деҳаҳои Турушбощ, Иттифоқ ва дар назди маркази саломатии шаҳрӣ Маркази солимии репродуктивӣ ба анҷом расида, онҳо ба фаъолият шуруъ намуданд. Айни замон дар маркази саломатии Ойбош корҳои таъмирӣ рафта истодааст. Дар деҳаи Ноҷии боло Маркази саломатии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Айни замон сохтмони 2 иншооти муҳими - сохтмони бинои Беморхонаи наву замонавӣ дар маркази шаҳр барои 205 кат ва Беморхонаи минтақавии Меҳргон дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кўҳӣ, ки дар доираи маблащгузориҳои Дирексияи сохтмонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, бо вусъат идома дорад.

Масъалае, ки дар самти нигоҳдории тандурустии аҳолӣ боиси ташвиш аст ин зиёд шудани бемориҳои сироятӣ мебошад, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 342 адад зиёд  аст. Масъулони соҳа вазифадор шудаанд корҳои тарщиботию пешгирии бемориҳоро ҷоннок намуда, тарзи ҳаёти солимро дар байни аҳолӣ бештар ҷорӣ кунанд.

Мо дар ҳамаи маҷлису вохӯриҳоямон бо аҳолӣ доимо сари як масъалаи муҳим сӯҳбат мекунем ва як самти муҳими фаъолият ҳам маҳсуб мегардад - ин маърифати оиладорӣ аст. Соли гузашта дар шаҳри Ҳисор 8 ҳазору 33   сабти таваллуд  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 354 адад зиёд аст. Ҳамчунин 1 ҳазору 939 ҷуфт сабти никоҳ  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 253 адад кам буда, 325 ҷуфт бекор кардани ақди никоҳ  ба қайд гирифта шудааст, ки  нисбати соли гузашта 54 адад зиёд. Вайроншавии 325 оилаи ҷавон бояд моро ором нагузорад ва чанд омили таъсиррасон аст. Аввалан ҷавонони мо ба зиндагӣ омода нестанд аз таҳлилҳои дастрасшуда бармеояд, ки аксари ин ҷавонон дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон хизмат накардаанд, соҳимаълумоту соҳиби касб нестанд. Мо дар ин самт нақшаи махсуси корӣ таҳия кардаем ва соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон кардани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   вазифадор мекунад дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонем.

Мехостам таваҷҷӯҳи Шуморо ба вазъи ҷиноӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар шаҳр ҷалб намоям.

Дар давоми соли 2016 мувофиқи қайди   Шуъбаи вазорати  корҳои дохилӣ  дар шаҳри Ҳисор  миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда 485 адад буда, ошкоршавии онҳо низ мутаносибан беҳтар гардидааст. Агар соли 2015 дар ҳудуди шаҳр 118 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2016 ин нишондод ба 98 ҷиноят баробар аст, ки 16,9% кам шудааст.

Масъалаи дигаре, ки мо зери назорат ва иҷро қарор додаем ба ин низом овардани ҳаракати нақлиёт ва ҷойгиркунии он мебошад.  Дар 12 моҳи соли 2016   64 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 19 нафар ҳалок шуда, 90 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд. Ин нишондод дар соли 2015 ба 52 ҳодиса баробар буда, боиси марги 17 нафар ва бардошти ҷароҳати 50 нафар гардида буд.

Нақшаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор мехоҳем амалӣ кунем дар ислоҳи ин камбудиҳо мусоидат хоҳад кард.

Муҳтарам ҳозирин,

Мо ҳамеша ҷонибодори онем, ки ҳамаи масъалаву омилҳои мавҷуда бо назардошти манфиатҳои умумидавлатӣ, умумимиллӣ ва аҳли ҷомеа Тоҷикистон ҳаллу фасл гарданд. Бо ибораи дигар мо бояд ҳамеша бо мақсади дарёфти мувозинату манфиати ақидаҳо ба пешрафти муколимаи нерӯҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ мусоидат намуда, муттаҳидӣ ва ризоияти аҳли ҷомеаро таъмин ва ҳифз намоем.

Бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ қарорҳои раиси шаҳр ба тасвиб расида, барои вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ мо  маъракаи 120 - Рӯзи меҳнати зарбдорро ба истиқболи Рӯзи ваҳдати миллӣ низ эълон кардаем. Дар ин замина дар шаҳр маъракаи шинонидани ниҳол, гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкан ощоз гардида, дар ҳудуди шаҳр шинонидани 23 ҳазор ниҳоли ороишӣ, сояафкан ва мевадор ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз зиёда 1200 бех ниҳоли декоративӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Дар шафати шоҳроҳи Душанбе- Турсунзода давоми моҳи январ зиёда аз 200 бех ниҳоли ороишӣ иваз карда шудаанд.

Ҳамчунин дар гармхонаҳои шаҳр зиёда аз 50 ҳазор бех гулу буттаҳоро парвариш карда истодаем ва баробари расидани мавсими гулшинонӣ мо шаҳрро бо гул таъмин мекунем, ҳарчанд соли гузашта мо аз дигар шаҳру ноҳияҳо гулу буттаҳоро харидорӣ карда будем. Иҷрои ин амал боиси он мегардад, ки ниҳоли гулу буттаҳоро дар наздиктарин муҳлат барои дигар шаҳру ноҳияҳо ба фурӯш гузорем.

Бахшида ба ҷашни таърихӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон нақша дорем, ки корҳои созандагиро вусъат бахшида симои шаҳрро қонеъгари талаботи замон ва аҳли ҷомеа гардонем.

Дар доираи ин ҷашнҳо, махсусан 105 - солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ва Соли ҷавонон дар шаҳр баргузории маҳфилҳои эҷодӣ, озмуну мусобиқаҳои маърифатию варзишӣ, вохӯриҳо бо олимону адибон ва рӯзноманигорон сӯҳбату вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст ва иҷрои ҳамаи ин корҳо ба андешаи мо ба рушди ваҳдати миллӣ, шинохти расму оинҳои миллӣ, муқаддас донистани марзу буми диёр ва содиқона дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти дигар хоҳад бахшид.

Рӯзноманигорони муҳтарам дар дигар самтҳои фаъолият низ дар баробари пешравиҳо масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд дорад ва мо дар асоси нақшаи кории худ дар соли 2017 баҳри он мекушем, ки марҳила бар марҳила мушкилоти мавҷудро бартараф намоем ва рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагиро таъмин намоем.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар интиҳои сухан бо такя ба сиёсати тамаддунпарвару созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва бо назардошти ворид шудани ҷомеаи мо ба марҳилаи нави таърихи худ таъкид карданием, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Ҳисор ва мардуми ватанпарасту меҳнатдӯсти он бо эълон шудани соли 2017 Соли ҷавонон ва дигар нақшаҳои ободкориву созандагӣ барои таъмини рушди босуботи кишвар, устувории Ваҳдати миллӣ  ва шукуфоии ватани азизамон саҳми босазо мегузорем.

Дар иҷрои нақшаҳои меҳнатӣ ва татбиқи ормонҳои давлатдорӣ ба ҳар яки Шумо барору кушоиш таманно дорам.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru