ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз758
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7811
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36794
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075444

Суханронии Раиси шаҳри Ҳисор дар рӯзи матбуоти тоҷик

http://www.zoofirma.ru/

Мӯҳтарам намояндагони аҳли қалам,

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва шахсан аз номи худ табрику таҳният намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ, бурдборӣ ва комёбиҳои беназири эҷодӣ таманно менамоям.

Гузашти таърихи беш аз 25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит менамояд, ки ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб кардааст.

Ҳукмати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин бахши муҳим. яъне матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамояд. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки ҳар сол санаи 11 март ҳамчун рўзи матбуоти тоҷик дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бахусус, доирҳои фарҳангии кишвар ва аҳли қалам бо тантана таҷлил мегардад.  Шумо хуб огоҳ ҳастед, ин ид ба ифтихори нашри нахустин рўзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» иртиботи қавӣ дорад.

Маҳз «Бухорои шариф», ки чопи он дар оғози асри ХХ бо номҳои Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ, Абдулқодири Шакурӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, устод Садриддин Айнӣ ва дигар насли нерўманди маорифпарварони Бухоро сахт марбут аст, таърихи матбуоти тоҷикро асос гузошт.

Нахустшумораи “Бухорои шариф” 11 марти соли 1912 дар матбааи Бухорои Нав бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир, публитсист Мирзо Сироҷиддин Ҳаким чоп шуд. Муҳарририи рўзнома ба ўҳдаи яке аз донишмандони шинохтаи забону адабиёти тоҷикӣ, адиб ва рӯзноманигори маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода гузошта шуда буд. Чун аз чопи нахустин шумораи «Бухори шариф» ва таъсисёбии мактаби рӯзноманигории тоҷик 105 сол сипарӣ гаштааст, ин санаи фархундаро бори дигар ба ҳар яки шумо самимона муборак бод мегӯям.

Мусаллам аст, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муоссир хеле бузург аст. Дар ҳақиқат, воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии рушди ҷомеа табадулоти идеология ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд аст.

Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рўзномаву маҷаллаҳо ва садою симо ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор, ба инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи рўйдодҳои ҳамарўза ниёз дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар ҷаласаю машварат доир ба фаъолияти матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вазифаҳои онҳоро вобаста ба талаботи айём таъкид мекунанд. Сарвари давлат аз ҷумла дар яке аз дар мулоқотҳои худ бо аҳли зиё зикр намуданд, ки: «Воситаҳои ахбори омма авзои ҳар як ҷомеаро ифода карда, ба доираи васеи мардум имкон медиҳад, ки ҷараёнҳои тунду тези ҳаёти башарро дарк намоянд ва дар маҷмуъ манфиатҳои миллии хешро дар раванди талошҳои геополитики эҳсос ва ҳимоя намоянд».

Солҳои охир дар Тоҷикистон барои дастрасии бештари аҳолӣ ба ахбор якчанд шабакаҳои телевизионӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ин ҳам як омили муҳим дар самти рушди мактаби рӯзноманигорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба нақшу мавқеи матбуот Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҳанўз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: «Рўзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рўзнома надорад, гуё забон надорад».

Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду такомули фаъолияти воситаҳои ахбори омма заминаи муносиб муаҳайё месозад, то ин ки дар ҷараёни мардумсолории ҷомеа фаъолияти назаррас дошта бошанд. Воситаҳои ахбори омма ба ҳайси як қувваи бузург қодир аст, пеши роҳи cap задани ҳама гуна падидаҳои номатлубро гирад, барои боло бурдани обрўю эътибори Ватани азизамон дар сатҳи байналмилалӣ саъю талош намояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори озодии баён буда, фаъолияти озоди рўзноманигорон ва гуногунандешӣ дар ҷомеаро пуштибонӣ мекунад. Афзоиши шумори нашрияҳо, ки бо риояи гуногунандешӣ дар кишвар сурат мегирад, баёнгари ин воқеият аст, ки дар мамлакат ба арзишҳои демократӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Рўзномаи «Ҳисори Шодмон» низ аз ҷузъҳои ҷудонопазири матбуоти тоҷик маҳсуб ёфта, 83 сол инҷониб ҳамчун оинаи ҳақиқии рўзгори мардуми шаҳри Ҳисор хизмати босазо мекунад. Таи даҳсолаҳо вобаста ба талаботи замон мазмуну мундариҷаи рўзнома такмил ёфт. Ба мушкилиҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда кормандони нашрия тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки рўзнома мунтазам дастраси хорнандагон гардад. Масъалаҳои умдатарини рўз: меҳнати созанда, беҳдошти зиндагӣ, ободии диёр, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, меҳнатдўстию меҳанпарастӣ тарғиби таҷрибаи пешқадам, ахлоқи ҳамида ва монанди инҳо аз зумраи мавзуъҳои ҳамешагии рўзнома ба ҳисоб мераванд.

Мо шоҳиди ба куллӣ дигаргун шудани мавзўъҳои матбуоти даврӣ ҳастем ва мебинем, ки озодона гуфтану баҳс кардан тавсеа ёфтааст.

Ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат, таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» гувоҳи болоравии нақши матбуот ва рӯзноманигор дар ҷомеа аст.

Ин иқдоми Сарвари давлат нишони таваҷҷўҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷойгоҳи воситаҳои ахбори омма ва нақши созгори он ба пешрафту шукуфоии мамлакат аст. Дар партави он доманаи мавзўъҳои мавриди таҳқиқ ва танқидӣ густурда шуда, масъалаҳои мубраму сарнавиштсози иҷтимоӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Имрӯз матбуот хеле пешрафта, ба нерӯи тавоно табдил ёфтааст. Боиси хушҳолист, ки ҳоло дар кишварамон теъдоди расонаҳои хабарӣ дучанд зиёд шудаву аз нисф зиёди расонаҳои хабарӣ мустақил мебошанд. Ширкатҳои мустақили телевизионӣ низ дар маҳалҳо фаъолияти босамар доранд.

Дар баробари он, ки имрӯз рӯзноманигорӣ ба тамоми таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷомеи Тоҷикистон таъсиргузор аст, ҳанӯз ҳам номутаносибии инкишофи миқдориву сифатии расонаҳои хабарӣ эҳсос мешавад.

Бинобар ин рӯзноманигорон ва аҳли қалами шаҳрро зарур аст, ки дар ин самт  анъанаҳои бою хуби устодони суханро қувват бахшанд. Пайдост, ки танҳо инъикоси беғаразонаву воқеъбинонаи рӯйдодҳои ҷомеа метавонад, расонаҳои хабарии моро ба нерӯи созандаву манфиатбахш табдил диҳад.

Давоми як соли фаъолиятам дар шаҳри Ҳисор ҳанӯз мақолаву гузоришеро мутолиа накардаам, ки дар он масъалаҳои муҳим ва бениҳоят ҷиддӣ дар сатҳи баланди касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта бошанд. Дар бисёр ҳолат рӯзноманигорони мо аз паси хабар мераванд ва пас аз иҷрои амал ахборро манзури хонанда мегардонанд. Мо бояд пеш аз ҳодиса қадам занем. Ман борҳо баён доштам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷонибдори ошкорбаёнӣ ва нигориши беғараз аст.

Мисол меорам, мо бо мақсади тарғиби корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, муаррифии соҳибкорони маҳал, вусъати корҳои баҳорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини субботу оромӣ ва амнияти шаҳр соли гузашта озмуни «Каломи бунёдкор»-ро эълон намудем. Ростӣ, мо вақте ки ин озмунро эълон кардем умед доштем, ки сатҳи инъикоси воқеаҳои шаҳри Ҳисор чӣ дар матбуоти маҳаллӣ ва чӣ воситаҳои ахбори оммаи марказӣ беҳтар мешавад. Аммо, мутаассифона, то имрӯз ба кумитаи озмун ҳамагӣ ҳафт мавод дастрас шудааст.

Мо шаш номинатсия дорем ва ҳамагӣ   7 мавод дар озмун иштирок менамояд. Ҳол он, ки воқеан агар озмун шавад ҳадди аққал дар ҳар номинатсия бояд ду маводи ширкат намояд, ки теъдоди онҳо бояд ба 12 адад расад. Вале вазъият ранги дигар гирифт. Мо аз хабарнигорони нашриҳои марказӣ умеди калон доштем, афсус, ки онҳо чандон фаъол набуданд.

Барои чӣ иштирок дар озмун ба таври дилхоҳ сурат нагирифт, бароямон рушан нест. Ин озмун ба сифати инъикоси масъалаҳо бояд таъсиргузор мешуд, Мо бо ин гуфтаҳо таъкид карданӣ нестем, ки фақат мақолаҳои тавсифӣ нависед. Не. Ҳадфи мо инъикоси воқеъбинона аст. Аз ҷониби дигар андеша кунед давоми сол доир ба зиндагиву ҷомеадории шаҳри Ҳисор чӣ қадар маводи танқидӣ интишор гардид. Ман бори дигар такрор мекунам аз ҳеҷ гуна танқид ҳарос надорам, ба шарте агар он асоснок, беғараз ва созанда бошад. Вақти он расидааст, ки корҳои ободонӣ, пешрафту шукуфоии Ватани азизамонро, ки аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, қадршиносӣ кунем ва масъалаҳоеро дар матбуот интишор намоем, ки моро бештар ба худогоҳию сарҷамъӣ, нигоҳдории ваҳдати миллӣ ва пиёдасозии ормонҳои давлатдориамон даъват менамоянд. Ба андешаи ман мардум бояд дар симои матбуоти даврӣ пуштибон ва мададгори худро пайдо намояд.

Дӯстони азиз!

Мо ҳамзамон дар арафаи иди аҷдодиамон Наврӯзи оламафрӯз қарор дорем.

Наврӯз на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор, балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи пурғановат ва омили тақвияти ифтихори миллӣ мебошад. Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро ба илҳому офарандагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Аз ин ҷост, ки кишвари офтобиамон, аз ҷумла шаҳри Ҳисори бостонӣ аз Наврӯз то Наврӯзи дигар   ободтару зеботар мегардад. Соли гузашта, дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳиму дорои аҳамияти таърихӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Имсол ҳам баргузории якчанд чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст ва мо тасмим гирифтаем 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавононро дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор намоем. Дар иҷрои ҳама ҳадафҳои муҳими давлатдорӣ, дар роҳи тарғибу ташфиқи амалҳои нек мо ҳамеша ҷонибдорӣ ҳамкорӣ бо шумо аҳли қалам ҳастем.

Ҳар нафаре, ки дар ҷодаи расидан ба ин рӯзҳои босаодат, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти давлату миллати хеш саҳме гузоштааст, инсони саодатманду сарбаланд аст ва ман итминони комил дорам рӯзноманигорони шаҳри Ҳисор аз ҳамин шумори инсонҳо буда, рисолати худро, ки созандагию ободкорӣ, таҳкими давлатдорӣ ва сарсабзии миллат аст бо амри дилу виҷдон адо менамоянд.

Дар ин ҷодаи пурифтихор ба ҳамаи шумо, соҳибқаламамону зиёиёни азиз барору комёбиҳо таманно дорам.

Иди матбуоти тоҷик, муборак!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru