ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз741
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7794
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36777
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075427

Cуханронии Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар маросими ифтитоҳи беморхонаи минтақавии Меҳргон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳозирини гиромӣ!

Ба муносибати фарорасии Иди бузурги миллиамон – Наврӯзи хуҷастапай ва ифтитоҳи беморхонаи минтақавӣ ҳамаи шумо ворисони ҳақиқии Сино ва аҳолии ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор самимона табрику муборакбод менамоям.

Наврӯз ҷашни офариниши Оламу Одам буда, ба қавли аллома Абурайҳони Берунӣ зодаи сарзамини мардуми ориёнаҷод мебошад. Ин ҷашн дар масири таърихи зиёда аз шаш ҳазорсола дар ҳаёти маънавию маърифатӣ ва худшиносию худогоҳии мардуми мо нақши бузург гузоштааст.

Таърихи Наврӯз баёнгари рӯзгори босаодат ва пурғановати ниёгонамон буда, шаҳодате аз тамаддуни бузург, офарандагӣ ва завқи баланди миллати кӯҳанбунёдамон мебошад. Бо шарофати ин иди аҷдоди давоми моҳ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои созандагиву ободкорӣ вусъати тоза гирифта, аҳоли азми он доранд, ки онро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз гиранд. Дар идомаи ин иқдомот ва рӯйдодҳои наҷиб имрӯз мо шоҳиди ба фаъолият оғоз намудани бинои боз як беморхонаи замонавӣ дар деҳаи Меҳргон гардидем.

Мехоҳам аз номи шумо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайваста ва бунёди чунин як беморхонаи замонавӣ изҳори сипосу эҳтиром намоям. Маҳз бо ҳидояти Пешвои миллат сохтмони бинои беморхонаи мазкур соли 2014 оғоз гардид, ки арзиши лоиҳавии он 5 млн. 410 ҳазор буда, дар бунёди он саҳми сардори муассисаи давлатии идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қурбонов Амирхон Файзуллоевич, мутахассиси ҳамин идора Саидов Музаффар Баротович, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Марво» - директор Зоҳирҷони Отахон ва «Мерос сохтмон» сардор Олимов Зафар хеле назаррас аст, ки барои заҳмат ва бунёди ин иншоот барояшон ташаккур мегӯям.

Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки беморхонаи минтақавии Меҳргон солҳои зиёдест фаъолият дошта барои аҳолии ҷамоат хизмат мерасонад. Бинои беморхонаи навбунёд аз дуошёна ва таҳхона иборат буда дорои 35 кат, аз ҷумла 15 кат барои навзодон, 10 кат барои кӯдакон ва 10 кат барои беморони гирифтори касалиҳои дарунӣ пешбинӣ шудааст. Ба фаъолият оғоз намудани он 46 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 24 нафар табибон бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд ва он бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, шаҳрвандон метавонанд дигар ба маркази ҷумҳурӣ ва дигар манотиқи кишвар сафар накарда, дар ҳамин ҷо табобат гиранд.

Мо бо ин ҳидояти некбинонаи Сарвари давлат ва бо назардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки вазъият беҳтар гардад. Бо назардошти имкониятҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот беморхонаҳо, марказхо ва хонаҳои саломати сохта шуда истодаанд, муассисаҳои тиббии корношоям таъмиру тармим меёбанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрию мулоқотҳои худ ба такрор зикр кардаанд, ки рушди соҳаи тандурустӣ, тарбияи кадрҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа аз самти муҳими фаъолият ба шумор меравад ва дар роҳи татбиқи ин ҳидояти оқилонаи Пешвои миллат дар шаҳри Ҳисор низ корҳои назаррас амалӣ мегардад.

Қувваи асосии пешбарандаи ҳар соҳа ин истеъдоду малака ва савияи дониши мутахассисон ба шумор меравад. Ҳарчанд дар муқоиса бо солҳои пешин савияи дониш ва малакаи табибон беҳтар гардида бошад, ҳам ҳанӯз он ҷавобгӯи талаботи замон нест. Мо имрӯз дар баробари зикри пешравии кор хуб мешуд бештар дар масъалаи мавҷуд будани камбудиҳо ва роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаву андешаи худро баён намоем ва танҳо бо ошкорбаёнӣ ва андешаи созанда метавонем ба пешравии соҳа ноил гардем.

Шумо хуб медонед, ки маблағгузории соҳаи тиб аз ҳисоби буҷа ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳар сол афзоиш меёбад. Дар соҳае, ки маблағгузорӣ зиёд мешавад бояд сатҳи хизматрасонӣ низ беҳтар гардаду шумори бемор кам шавад. Табибон ба дарди бемор дармон мебехшанду табиат даво.

Шумо кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, ки аз ҳоло корҳои ободониву бунёдкориро дар муассисаҳои тандурустӣ дуруст ба роҳ монда, барои расидан ба олитарин ормонҳои давлатдориамон саҳмгузор бошед.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби худ омодаанд барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои соҳавӣ ва рушди хизматрасонии тиббӣ, таъмини соҳа бо технологияи замонавӣ ва таъминот бо кадрҳои баландихтисос аз рӯи шароити мавҷуда саҳмгузор бошанд.

Дар давоми фаъолияти кориам дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рӯзҳои қабулро баргузор намудем ва ҳар ҳафта дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мардумро қабул менамоям, ки доир ба масъалаҳои соҳаи тандурустӣ низ шаҳрвандон муроҷиат карданд. Ҳамаи муриҷиатҳои шахрвандон пурра мавриди баррасӣ қарор дода шуда оиди ҳалли масъалаҳои гузошта шуда чораҳои мушаххас адешида шуданд. Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки дар соҳаи тандрустии шаҳр низ муаммоҳо оиди сохтмону таъмири муассисаҳои тиббӣ, таъмин намудани онҳо бо дастгоҳу таҷҳизотҳои тиббӣ, доруворӣ, оиди кумак расонидан барои муоина ва табобати шаҳрвандон дар муассисахои тиббӣ мусоидат кардан барои дохил шудани довталабон ба коллеҷи тиббии шахри Ҳисор  ва ғайра  ҷой доранд.

Муҳтарам табибон!

Гарчанд мо дар арафаи иди Наврӯз қарор дорем ва мавриди эродгириву танқид набошад ҳам, воқеият моро маҷбур мекунад аз норасоиҳо ба тариқи дархост ёдовар шавем.

Имрӯзҳо мардум ба мақомоти гуногун оид ба тамаъҷӯӣ, хунукназарӣ ба беморон аз ҷониби кормандони соҳаи тиб, сифати пасти хизматрасонӣ шикоят мекунанд. Борҳо гуфтаем ва боз мегӯем, ки инсонҳое, ки хилъати сафед ба бар кардаанду қасам хӯрдаанд, набояд рисолати хешро фаромӯш кунанд. Дар шароити мушкили буҳрони иқтисодӣ дастгири инсонҳо будан, онҳоро тасаллӣ додан, бо сухани гуворо ба онҳо шифо бахшиданро худо ба Шумо табибони ҳозиқ фармудааст ва аз ин бояд ифтихор кард, на суиистифода аз боварии мардум.

Дӯстони азиз!

Соли 2017 барои мардуми мо чун соли ҷашнгирии 20 солагии - Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон соли санҷишҳои муҳими давлатдорӣ ва ҷомеашиносӣ ба шумор меравад. Ҳамрадиф бо ҳамаи дастовардҳо он натиҷаҳои азиме, ки моро дар соҳаи ҳифзи саломатии ҷомеа насиб гашт ба манфиати кор асту маҳсули истеъдоду идроки мутахассисон ба шумор меравад.

Дар хотимаи суханронии худ мехоҳам изҳори боварӣ намоям, ки нерӯи бисёрҳазорнафараи табибон барои мувофиқи талаботҳои рӯз ба роҳ мондани ҳифзи сиҳатии омма кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то тарзи ҳаёти солим шиори ҳамагон гардад.

Бори дигар барои бунёди чунин беморхонаи замонавӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои ҳамкории пайваста ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа изҳори сипосу эҳтиром намуда, фарорасии ҷашни мардумӣ - Наврӯзи Аҷамро бароятон табрику муборакбод гуфта, амалишавии накӯтарин орзуҳоро таманно дорам.

Наврӯзатон фархунда бод табибони ҳозиқ ва ҳамдиёрони азиз!

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru