ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз778
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7831
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36814
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075464

Суханронии Раиси шаҳр дар тантанаи ҷашни Наврӯзи шаҳраки Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони арҷманд,

Дар оғози сухан мехоҳам фарорасии иди Наврӯз - ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷикро ба ҳамаи сокинони шаҳраки Ҳисор ва дар симои шумо ба ҳамаи мардуми шаҳр табрику муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори обод ва барору кушоишро таманно намоям.

Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоди аҳли башар ба ин ҷашн беш аз пеш меафзояд ва бо итминон метавон гуфт, ки  Наврӯз ифтихори фарҳанги миллии мо гардида, ҷашни Наврӯз муборактарин ва муқаддастарин анъанаи миллии мардумони тоҷик ба шумор меравад.

Воқеан, Наврӯз аз маросими халқӣ бой аст. Дар маросиму рамзҳои Наврӯз орзую омоли мардумони меҳнатӣ таҷассум ёфтаанд.

Ин ҷашни қадимаи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо мазмунҳои тоза ба тоза  боз ҳам ғанитар гардидааст.  Сокинони шаҳри Ҳисор низ бо дастовардҳои назаррас ин ҷашни миллиро пешвоз мегиранд ва дар ҳудуди шаҳр корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб кардааст. Мо имрӯз дар идомаи сиёсати фардоофари Пешвои миллат дар деҳаи Меҳргон бинои Беморхонаи минтақавиро, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои 30 кат мебошад мавриди истифода қарор додем. Аз рӯҳияи мардум ва табибони ин даргоҳ аён буд, ки иҷрои ин амал ба шукуҳу шаҳомати Наврӯз шаҳомати дигаре зам кардааст ва дар идомаи ин амал ифтитоҳи боз чанд иншооти дигар низ дар назар аст, ки аз файзу баракоти ин ҷашни ниёгон муҷдарасон аст.

Сокинони шаҳраки Ҳисор низ давоми чанд рӯз аст, ки машғули корҳои ободонӣ, тозаву зебо гаронидани маҳали зист, кӯчаву гулгаштҳо ва ҳудуди шаҳраканду ҳар кадоме мехоҳанд бо омадани Наврӯз кори хайреро ба анҷом расонанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст дар фаъолияти минбаъдаи худ барои ба шаҳри замонавӣ ва дилрабою ҷавон табдил додани шаҳраки Ҳисор корҳои зиёдеро марҳила  бар марҳила ба анҷом расонад. Давоми як сол мо то ҷое тавонистем ба рушду шукуфоии шаҳрак бештар эътибор зоҳир намуда, чанд масъалаҳои ҳалталабро бартараф намоем ва дар ин самт корҳо хеле зиёданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки вазифаи ҳар яки мо мерос гузоштани Ватани ободу соҳибиқтисод ва сиёсату соҳибмақом барои насли оянда аст. Ин ҳидояти Пешвои миллатро мо ҳамон вақт куллан амалӣ гардонида метавонем, ки Ватанро бо сухан не бо амал дӯст дорем, Ба қадри обу хоки Ватан бирасем бо он ифтихор намуда, барои пешрафт ва шукуфоии диёри худ кору фаъолият намоем.

Хислати дигари иди Навруз он аст, ки мардумро водор менамояд, аз дилу кинаву адоватро дур намуда, аз аҳволи бечорагон, пирону калонсолон ва ятимон огоҳ бошанд, қабиристону маконҳои таърихиро тозаву озода нигоҳ доранд ва ба рӯзи фардои зиндагии худ бо нигоҳи тоза ва умеду ормони нек ворид шаванд. Ба ибораи дигар Наврӯз оғози сол ва нигоҳи тоза ба зиндагӣ буда, дар баробари эҳёи табиат накӯтарин хислатро дар замири инсонҳо ҳувайдо мегардонад. Ва ман боварии комил дорам, ки сокинони шаҳраки Ҳисор омодаанд накӯтарин анъанаҳои наврӯзиро идома дода, бо натиҷаҳои нек ва ормонҳои оламгир мақоми фарҳанг ва тамаддуни миллатро афзоиш ва шоистаи таҳсини дигарон кору фаъолият менамоянд.

Соли 2017, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидаву барои иҷрои он барномаи  махсус низ таҳия ва тасдиқ гардидааст дар ободии роҳҳои маҳал, азнавсозию таҷдиди он ва пеш аз ҳама ба тозагии хонаву кӯча ва маҳали зист,  ки аз анъанаҳои неки ниёгонамон аст, сокинони шаҳрак эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, бо ин восита дар рушди ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ саҳми назаррас мегузоранд. Бо чунин ниятҳои нек баёни он дорам, ки бигузор Наврӯз дар замиру рӯзгори сокинони шаҳрамон ҳамеша ҷавону ҷовидон монад ва аз файзу баракоти он Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободу зебо ва дастурхони мардум  пурнозу неъмат гардад.

Наврӯзи оламафрӯз  муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru