ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз739
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7792
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36775
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075425

Табрики Раиси шаҳри Ҳисор дар иди Наврӯзи байналмилалии Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шуморо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ, ки Соли нави мардуми тоҷик аст, самимона табрику муборакбод менамоям.

Ҷашни Наврӯз аз бошукӯҳтарин ҷашнҳои миллии мо аст, ки дорои таърихи зиёда аз шашҳазорсола буда, аз фарҳангу тамаддуни миллату давлати кӯҳанбунёди мо башорат медиҳад.

Наврӯз аз замони пайдоиши худ то рӯзгори мо таблиғгари некӣ, рӯшноӣ, адолат, сулҳу ваҳдат буда, ба мардум ободкориву созандагӣ, накӯкорӣ, эҳтироми инсону дастгирии ятимон ва хайрхоҳию накӯкориро меомӯзонад ва аз замони пайдоиши худ то рӯзгори мо ҳидоятгари гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек аст.

Бояд тазаккур дод, ки анъанаҳои наврӯзи саросари кишвари азизамонро фаро гирифта, мардум аз рӯи урфу одат базмҳои наврӯзи ороста, якдигарро шодбош мегӯянд, кӯчаву манзили худро рангу бор медиҳанд ва бо чеҳраи идона ба зиндагии худ назар доранд. Сокинони ҷамоати шумо ҳам пайки Наврӯзро хуб дарк намуда давоми чанд рӯзи охир кӯшиши он доранд, ки диёри худро бештару беҳтар хурраму сарсабз гардонанд.

Ба таърихи ҷашнгирии Наврӯз назар афканда мебинем, ки аҷдодони мо дар ин айёми пурсаодат, лаҳзаи эҳёи табиат ба худ низ бо чашми дигар назар меандохтанд, баробари табиат худ низ қабои нав ба бар мекарданд, бухсу адоват ва кинаю ғаразро аз дил дур андохта, бо дӯстию рафоқат, эҳсону муҳаббат ба бунёдкорию ободонӣ азм менамуданд, Наврӯзро чун пайки тозагиҳо ва дурахши роҳи фардо муқаддас мешумориданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти мақому манзалати Наврӯз чунин фармудаанд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст.

Кишвари мо – Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯйи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад».

Чунонки қаблан зикр намудам баробари таҷлили ҷашни Наврӯз саховатмандони шаҳр ба аҳолии ниёзманд кӯмаку хайроти хешро дареғ намедоранд. Дирӯз мо дар тантанаҳои наврӯзӣ ва хатнасури тифлакон дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва Ҷамоати деҳоти шаҳраки Ҳисор иштирок намудем ва ин анъанаи некро имрӯз мардони саховатпешаи ҷамоати шумо ҳам идома додаанд ва ман барои чунин иқдоми хайрхоҳона изҳори сипос намуда, падару модарон ва тифлакони ояндабахши ҷамоатро бо маросими хатнатӯияшон табрику таҳният мегӯям.

Ҳозирини гиромӣ.

Иди Наврӯз дар ҳақиқат ҷашнии мардумии тоҷикон ва он аз дигар иду маросимҳо фарқ мекунад, ки аз соҳибтамадунии мардуми тоҷик муҷдаи нек мерасонад ва моро бештару беҳтар ба худшиносии миллӣ ва дӯстдории Ватан ҳидоят намуда, аҳли ҷомеаро бештар ба ҳам пайванд менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз чун пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, парастиши хираду фазилат, зебоиву футувват, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон худро муаррифӣ намуда, итминони комил дорам бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли нави аҷдодӣ   барои сокинони Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода олитарин ормонҳои зиндагиро арзонӣ мегардонад ва моро ба нусрату зафар, ҷовидонии ваҳдати миллӣ ва пойдории сулҳу амонӣ комёб ва дар эҳтирому бузургдошти накӯтарин анъанаҳои наврӯзии аҷдодон ба дастовардҳои комил мушарраф хоҳад кард.

Мову Шумо хуб огоҳ ҳастем, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон шудааст ва сокинони Тоҷикистон имсол 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд. Бахшида ба таҷлили ин санаҳои фархунда мо дар қаламрави шаҳр 120-Рӯзи ободонӣ эълон намудем ва барои корҳое, ки зери ин шиор ба анҷом расидаанд ба сокинони ҷамоат изҳори сипосу эҳтиром намуда, боварии комил дорам баргузории ин тантанаҳои бузург њар яки моро водор месозад, ки дар шинохти дастовардҳои замони истиқлол, тарғиби тамаддуни миллӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва накӯтарин хислатҳои инсонӣ бештару беҳтар масъулиятшинос бошем.

Дар ин лаҳзаҳои нек ба сокинони Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода илҳом ва табъи наврӯзӣ, дили саршор аз меҳру муҳаббат, завқи созандаву иродаи нек ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азизу арҷманд!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru