ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз813
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7866
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36849
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075499

Суханронии Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар иди Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Ҳамватанони азиз,

Дар оғози сухан  қадамҳои мубораки Наврӣзи хуҷастапайро, ки имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон  мақоми  ҷаҳонӣ гирифтааст аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор самимона бароятон муборак бод гуфта, таманнои он дорам, ки рӯзгоратон саршор аз файзи баҳор, фазои зиндагиатон беғубор ва дар фатҳи қуллаҳои меҳнатӣ ҳамеша зафарманду комёр бошед.

Имрӯз кас ба тантанҳои наврӯзӣ ва зиндагии орому осудаи ҳамдиёрон менигараду бори дигар шукргузор аз он мешавад, ки бо шарофати ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат моро чунин рӯзгори саршор аз бахту иқболи нек ва шодию сурур насиб гардидааст.

Баргузории тантанаҳои идона бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Турсунзода, Душанбе ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор, муассисаву корхонаҳои ҳудуди шаҳр гувоҳӣ аз он доранд, ки Наврӯз воқеан ба иди халқӣ табдил ёфта, сокинони Ватани азизамон ин ҷашни мардумиро бо рӯҳияи баланд ва ифтихор аз анъанаю маросимҳои ҷашнӣ пешвоз мегиранд.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳисор низ ба таҷлили Наврӯз омодагии хуб дидаанд ва имрӯз дар баробари муаррифии анъанаҳои ниёгон дар ин макони барҳаво, ки шаҳодатномаи таърихи 3000 солаи шаҳр маҳсуб меёбад, хатансури чанде аз тифлони ҷамоат ва мусобиқаи гуштини миллӣ баргузор мегардад. Дар арафаи ҳар иду айём дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ, тақдими ҳадя ба ҳукми анъана даромадааст ва беҳтарин саховат он аст, ки дар роҳи дастгирии ятимон, пирону барҷомондагон ва калонсолон амалӣ мегардад. Бузургони мо низ бар он ақидаанд, ки беҳтарин амали инсонӣ он аст, ки дар роҳи хайр ва дастгирии якдигар иҷро мешавад. Ман аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба аҳли ҷамоат барои чунин кори хайру савоб ва саховату ҷавонмардӣ изҳори сипос намуда, итминони комил дорам минбаъд низ мо дар ҳамкорӣ чунин иқдомҳои хайрро амалӣ намуда, диёрамонро дучанд ободу зебо мегардонем.

Аз гузаштаи қадим то рӣзгори мо мардуми тоҷик дар баробари дигар анъанаҳои наврӯзӣ ба мусобиқаҳои варзишӣ низ эътибор зиёд медоданд ва ба гуштингирию бузкашӣ, аспдавонӣ ва дигар намудҳои варзиш машғул мешуданд. Ба ибораи дигар дар иди Наврӯз паҳлавонон ва варзишгароне ба майдон омадаанд, ки номбардори диёр ва халқу миллат гардидаанд. Имрӯз ҳам дар идомаи ин анъанаҳои неки гузаштагон дар майдони Қалъаи Ҳисор мусобиқаи гуштинги миллӣ дар байни хурдсолону калонсолон баргузор мегардад. Ба ин мусобиқа паҳлавонони зиёде аз давлатҳои ҳамсоя ва манотиқи ҷумҳурӣ даъват шудаанд ва ин нишони он аст, ки Наврӯзи оламафрӯз ваҳдату якдилии сокинони сайёра ва Ватани азизамонро дучанд устувор мегардонад.

Бо эътимод метавон гуфт, ки аз чунин мусобиқаҳо дар ояндаи надик варзишгароне ба камол мерасанд, ки номбардори диёри худ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин бахшида ба Соли ҷавонон дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни Наврӯз санаи 25 марти соли ҷорӣ дар шаҳр баргузории мусобиқаи бузкашӣ дар назар аст ва санаи 24 март дар варзишгоҳи марказии шаҳр чорабинии Наврӣзии шаҳр баргузор мегардад ва ҳамаи ин тантанаҳо бо мақсади фароғати шумо ва шинохти асолати Наврӣз, тарғиби ғояҳои худшиносию худогоҳӣ ва дӣстдории Ватан доир мегарданд.

Ҳозири гиромӣ.

Мову Шумо хуб огоҳ ҳастем, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон шудааст ва сокинони Тоҷикистон имсол 20-солагии Рӣзи Ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд. Боварии комил дорам баргузории ин тантанаҳои бузург ҳар яки моро водор месозад, ки дар шинохти дастовардҳои замони истиқлол, тарғиби тамаддуни миллӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва накӯтарин хислатҳои инсонӣ бештару беҳтар масъулиятшинос бошем.

Бори дигар фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро ба ҳар яки Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми шарафманди Ҷамоати деҳоти Ҳисор, варзишгарон ва меҳмонон самимона таҳният гуфта, бароятон саодати умр, сарбаландӣ, офияти ҳамешагӣ, рӯзу рӯзгори хуш ва иқболу бахти баландро таманно дорам.

Рӯзи Наврӯзи Ватан муборак ҳамдиёрони азиз.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru