ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз896
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7949
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36932
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1075582

Суханронии Раиси шаҳри Ҳисор дар ифтитоҳи боғчаи «Бибиҷон»

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Ҳозирини гиромӣ,

Дар оғози сухан мехоҳам фарорасии иди Наврӯз - соли нави мардуми тоҷикро ба ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла ба мураббиёну кӯдакони ин даргоҳи муқаддас самимона муборак гуфта, бароятон рӯзгори обод ва барору кушоишро таманно намоям.

Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоди аҳли башар ба ин ҷашн беш аз пеш меафзояд ва бо итминон метавон гуфт, ки  Наврӯз ифтихори фарҳанги мардуми тоҷик гардида, ҷашни Наврӯз муборактарин ва муқаддастарин анъанаи миллии мардумони тоҷик ба шумор меравад.

Чунонки шумо огоҳӣ доред давоми чанд рӯз аст, ки фазои Ватани азизи моро файзу шодмониҳои наврӯзӣ фаро гирифтааст ва мардум бо чеҳраи кушоду дили саршор аз орзу якдигарро муборакбод мегӯянд, ба дидорбинии падару модар, калонсолон ва шахсони яккаву танҳо рафта аз ҳоли онҳо хабар мегиранд ва кӯшиш менамоянд, ки Соли нави аҷдодиро бо шодмонию фараҳ пешвоз гиранд. Ин анъанаи некро сокинони шаҳри Ҳисор низ идома дода, иди Наврӯзро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ таҷлил менамоянд.

Дар арафаи ин ҷашни аҷдодӣ мо дар деҳаи Меҳргон як беморхонаи замонавиро мавриди истифода қарор додем ва имрӯз боиси ифтихор он аст, ки фаъолияти  як боғчаи кӯдаконро оғоз бахшидем, ки он 100 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбияи фаро гирифта, 18 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар шаҳри Ҳисор фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, аз шумораи умум ҳамагӣ 3% кӯдакон дар боғчаҳои кӯдакона таълим мегиранд. Кӯдакон нурбахши зиндагианд ва бояд мо бештару беҳтар ба таълиму тарбияи онҳо аҳамият диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид кардаанд, ки “Ҳадафи асосии мо ба камол расонидани насли бедордилу огоҳ ва соҳибмаърифат аст.” Ин таъкид ва сиёсати маорифпарварона Пешвои миллат далели он аст, ки тарбияи кӯдакон кори муқаддас ва пурмасъулият аст.

Ҳозирини гиромӣ,

Хислати дигари иди Навруз он аст, ки мардумро дар баробари ҳидоят ба корҳои хайр водор менамояд, ки аз дил кинаву адоватро дур намуда, аз аҳволи бечорагон, пирону калонсолон ва ятимон огоҳ бошанд, қабиристону маконҳои таърихиро тозаву озода нигоҳ доранд ва ба рӯзи фардои зиндагии худ бо нигоҳи тоза ва умеду ормони нек ворид шаванд. Ба ибораи дигар Наврӯз оғози сол ва нигоҳи тоза ба зиндагӣ буда, дар баробари эҳёи табиат накӯтарин хислатро дар замири инсонҳо ҳувайдо мегардонад. Ва ман боварии комил дорам, ки  кормандони соҳаи маориф, ки худ афрӯзандагони чароғи маърифат ва рушноии рӯзи фардои аҳли башар ҳастанд, омодаанд накӯтарин анъанаҳои наврӯзиро идома дода, бо натиҷаҳои нек ва ормонҳои оламгир мақоми илму фарҳанг ва тамаддуни миллатро афзоиш ва шоистаи таҳсини дигарон кору фаъолият менамоянд.

Аз ҳама анъанаҳои наврӯзи олитарин анъана ҳамон аст, ки барои кӯдакон бахшида мешавад.  Ман аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муассиси боғчаи “Бибиҷон” Эшов Давлатмурод изҳори сипосу эҳтиром намуда, дар фаъолияти минбаъда барору кушоиш хоҳонам.  Мо дар оянда низ омодаем ҳамагуна иқдом, хусусан бунёди боғча ва муассисаҳои таълимро бо мақсади рушди савияи дониш, тарбияи мутахассисони варзида ва ободу шукуфон намудани шаҳр дастгирӣ намоем.

Соли ҷорӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудааст ва сокинони Тоҷикистон имсол 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Боварии комил дорам баргузории ин тантанаҳои бузург  ҳар яки моро водор месозад, ки дар шинохти дастовардҳои замони истиқлол, тарғиби тамаддуни миллӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва накӯтарин хислатҳои инсонӣ бештару беҳтар масъулиятшинос бошем.

Бигзор  дар оянда тифлаконе дар ин боғча таълиму тарбия мегиранд бо донишу маърифат ва ихтироъу ҷаҳонбинии худ муррифгари фарҳангу тамаддун ва номбардори миллати худ бошанд.

Чун идомабахши накӯтарин корҳои неки бобоёни худ ба камол расанд ва дар роҳи шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон дучанд кору фаъолият намоянд.

Ҳамчунин таманнои он дорам, ки Наврӯз дар замиру рӯзгори ҳар яки шумо ва сокинони шаҳрамон ҳамеша ҷавону ҷовидон монад ва аз файзу баракоти он Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободу зебо ва дастурхони мардум пурнозу неъмат гардад.

Наврӯзи оламафрӯз муборак, ҳамдиёр,они азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru