Суханронии Раиси шаҳри Ҳисор дар иди Наврӯз

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамшаҳриёни азиз,

Наврӯзи Аҷам бо файзу шаҳомати хоса ва қудуми хуҷастаи худ ба диёри мо пайғоми омадани баҳори нозанин - айёми шукуфоии табиатро мерасонад. Наврӯз аз суннатҳои деринаи мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳамасола дар қаламрави кишвар бо шукӯҳу шаҳомати беандоза таҷлил мегардад. Ин ҷашни қадимаи аҷдодӣ бо саъю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ касб карда, ба иди мардумии тоҷикони олам табдил ёфтааст.

Бо иди баҳору мероси ниёгон – Наврӯзи оламафрӯз ҳамаи шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон умри бардавом, хушбахтии беинтиҳо, саломатӣ ва хонаободӣ таманно дорам.

Ҳамдиёрони азиз!

Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табдили фаслҳои сол ва рӯзгори одам аст. Наврӯз бо фарорасии баҳор манзилу ошёни моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор месозад.

Бо нафаси мубораки хеш бар дили ҳар яки мо меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховат меангезад.

Ба таърихи ҷашнгирии Наврӯз назар афканда мебинем, ки аҷдодони мо дар ин айёми пурсаодат, лаҳзаи эҳёи табиат ба худ низ бо чашми дигар назар меандохтанд, баробари табиат худ низ қабои нав ба бар мекарданд, бухсу адоват ва кинаю ғаразро аз дил дур андохта, бо дӯстию рафоқат, эҳсону муҳаббат ба бунёдкорию ободонӣ азм менамуданд, Наврӯзро чун пайки тозагиҳо ва дурахши роҳи фардо муқаддас мешумориданд.

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти мақому манзалати Наврӯз чунин фармудаанд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст.

Кишвари мо – Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯйи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад».

Гузашти беш аз 25 - соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон гувоҳӣ аз он дорад, ки давоми ин айём Наврӯз ба худ мазмуну моҳияти нав кашф намуда, бо худ муҷда ва навгониҳои дилпазир меорад.

Наврӯзи имсола барои мо, сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрвандони шарафманди шаҳри Ҳисор саҳифаи нави ваҳдатро оғоз намуд. Аз оғози соли равон диёри азизи мо бештару назаррастар ба арсаи ягонагӣ ва сарзамини сулҳу ваҳдати миллӣ бо мақсади истиқболи сазовори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон мубаддал гардид. Баргузории   тантанҳои ҷашни ҷумҳуривии Наврӯз дар шаҳрҳои Турсунзода, Душанбе ва суханрониву ҳидоятҳои Пешвои миллат бори дигар собит намуд, ки Наврӯз дар кишвари мо ба иди халқӣ табдил ёфта, бо мазмуну анъанаҳои неки худ фарҳангии миллии моро пурғановаттар мегардонад.

Ҳамчунин бояд таъкид намуд, маҳз ваҳдати миллӣ барои пойдории истиқлолият ва рушди давлатдориамон заминаи воқеӣ гардид, ки тавассути он бо назардошти нақшу мақоми ҷавонон дар ҷомеа соли равон Соли ҷавонон ва муҳим он аст, ки бо ташаббусу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милалии Муттаҳид Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028» эълон намуд.

Ҳамаи ин иқдому ташабусҳои созанда дар китоби давлатдории мо саҳифаеро боз кард, ки он аз пайванди қавӣ, якдилию ватандӯстии халқамон, бузургдошти дастовардҳои замони истиқлолият, ваҳдату созандагии сокинони Тоҷикистони азиз башорат медиҳад.

Ҳозирини гиромӣ,

Пойандози тозаву сабзи баҳор моро ба ҷониби мақсад дилпурона ҳидоят менамояд, биёед ҳамшаҳриёни азиз дасти ҳамдигар гирифта, бо дилҳои пур аз фараҳ ба корҳои тозаву хайр, бахусус маъракаи киштукор муташаккилона оғоз бахшем, бикӯшем, ки ҳар донаи имрӯз бо умед пошидаи мо ҳосили дилхоҳ бандад, фардо дастархонамонро боз ҳам пурнозу неъмат, рӯзгорамонро аз ин ҳам босафотар гардонад. Бо эътимод ба ғуруру ватандории сокинони шаҳр аз номи Шумо дар симои намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии кишвар муҳтарам Низомиддин Зоҳидӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонам, ки мо ҷавобан ба ин дастгирию ғамхориҳои пайваста давоми сол дучанд кору фаъолият намуда, шаҳрамонро ба як диёри обод, ҳамешабаҳор ва пешрафту шукуфон табдил медиҳем ва бо натиҷаҳои назарраси меҳнати дар рушди ҷомеа ва таъмини оромию пешрафти Ватани азизамон саҳми назаррас мегузорем.

Бо чунин мақсадҳои наҷиб ҳамаи шуморо бори дигар ба иди Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборакбод намуда, бароятон рӯҳу илҳоми идона, барори кору саодати зиндагӣ хоҳонам.

Бигузор ба ҳар иқдоми мову шумо Наврӯз мададгор бошад.

Наврӯзатон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru