Суханронии Раиси шаҳри Ҳисор дар Ҷамоати деҳоти Хонакоҳи Кӯҳӣ

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар оғози сухан мехоҳам сокинони шарафманди Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ва шумо меҳмонони арҷмандро бо иди Наврўзи фархундапай табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи байналмилал ба сокинони ҷамоат сидқан изҳори сипосу эҳтиром дорам.

Иди фархунда ва бостонии миллиамон - Наврўзи Аҷам бо қадамҳои баҳорона ба табиати кӯҳандиёрамон ҳусни нав, ба хонадони мардуми шаҳр шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадя меорад.

Наврўз аз аҳди бостон то ба имрўз тимсоли пирўзию рўшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, ривоҷи дўстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Иди Наврўз ҷашни саршор аз шарофату шафоат ва файзу баракат аст, ки баргузории тантанаҳои ин иди аҷдодӣ дар қаламрави мамлакат ва ҳудуди шаҳри Ҳисор далели ин даъвост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Наврўз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад».

Ин иди азизу мӯътабар ва муқаддаси ниёгонро ҳар яки мо бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормони худро бо Наврўзи хуҷастапай пайванд медонем.

Наврўз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврўз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.

Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврўз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрўз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондўстӣ, рамзи дўст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.

Бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврўз гувоҳи он аст, ки ҳанўз аз замони қадимтарин то имрўз миллати мо бо холисии мақсад ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.

Дар баробари эҳёи дигар суннатҳои наврӯзӣ бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо «Наврӯзи адибон» низ баргузор мегардад. Адибону аҳли зиёи мамлакат ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда бо мардум хурсандӣ мекунанд аз ашъори тозаи худ порчаҳо қироат намуда, мардумро ба худогоҳию худшиносӣ ва дӯстдории Ватан даъват менамоянд.

Барои мо боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар ин чорабинии Наврӯзии мо адибони номдори ҷумҳурӣ иштирок доранд ва ман аз номи шумо устодони азизро ба ин диёри биҳиштосо хайрамақдам гуфта, бо ҷашни Наврӯз муборакбод менамоям ва барояшон илҳоми тоза, эоҷоди асарҳои баладмазмун ва омади корро таманно дорам.

Ҳозирини гиромӣ.

Чун мо дар оғози фасли сол ва айёми шукуфоии табиат қарор дорем, бояд нақшаҳои меҳнатии худро барои соли ҷорӣ таҳрезӣ намуда, чунон кору фаъолият намоем, ки диёрамон дучанд ободу зебо ва зиндагиамон саршор аз файзу неъмат гардад.

Чунон ки шумо огоҳӣ доред бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милалии Муттаҳид Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028» эълон намуд ва мо имсолро чун Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем.

Ҳамаи ин иқдому ташабусҳои созанда  моро бештар  ба якдилию ватандӯстӣ, бузургдошти дастовардҳои замони истиқлолият, ваҳдату созандагӣ ҳидоят менамояд.

Бо чунин таманиёти нек баёни он дорам, ки бигзор файзу баракати Наврўз ба зиндагии ҳар сокини Ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ рангу таровати тоза бахшида, дастархони ҳар хонадонро пур аз нозу неъмат гардонад ва баргузории маҳфили «Наврӯзи адибон» дар замири ҳар яки шумо эҳсоси дустдории зиндагӣ, меҳру муҳаббат, шинохти умр ва муқаддасии инсонро дучанд намояд.

Наврӯз муборак!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru