Суханронии Раиси шаҳри Ҳисор дар маъракаи гусели наваскарон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳозирини гиромӣ,

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон мехоҳам барои ҷавононе, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифа ва қарзи шаҳрвандии худ дониста, имрӯз озими адои хизмат шуданд, изҳори эҳтиром намоям ва дар адои қарзи шаҳрвандӣ, ҳимояи марзу буми кишвар роҳи сафед ва барору кушоиш таманно дорам. Ҳамчунин, ба падару модароне, ки чунин фарзандони бонангу ор ва ҷасуру ватанпарварро тарбия ва ба камол расониданд баёни эҳтирому сипос дорам.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз лиҳози қудрату маҳорати ҳарбӣ ва низоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалият дорад ва мо ифтихор аз он дорем, ки ҷавонони шаҳри Ҳисор низ дар таъмини сулҳу оромӣ ва амнияти кишвар саҳми назаррас доранд. Онҳо дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмат намуда, аз мактаби бузурги матонат ва ҷавонмардӣ сабақ меомӯзанд.

Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар тамоми чораҳои лозимаро меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошанд ва баҳри баланд бардоштани обрӯву эътибори Артиши миллӣ мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаи созандагию бунёдкорӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Таҳкими қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар доираи ҳамин сиёсат сурат мегират.

Ҳарчанд Артиши миллӣ дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникиву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯи дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккули такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.

Хидмати Ватан қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст. Имрӯз шароити хидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, хеле беҳ гардидааст. Инро падару модарон хуб дарк карданд. Бинобар ин муносибати давлат ба артиш низ сол аз сол беҳтар мегардад ва интизом низ дар он мустаҳкам шудааст. Барои огоҳии бештари волидон аз шароити хизмати фарзандон мо соли гузашта падару модарони ҷавононеро, ки дар вилояти Суғд хизмат адои доштанд ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва имсол ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар намудем. Онҳо аз наздик бо шароити хизмат шинос шуда, аз вазъи саломатии фарзандон огоҳ гардиданд. Ҳамагон ибрози он доштанд, ки дар ҳақиқат шароити хизмат, хӯрока ва дигар ниёзҳои иҷтимоии фарзандонаш хеле хуб аст.

Имрӯз мо аввалин даъватшудагонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сафарбар карда, итминони комил дорем, ки нақшаи даъватии баҳориро дар кӯтоҳтарин мӯҳлат иҷро хоҳем кард. Зеро имсол аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон шудааст ва хизмат ба Модар-Ватан ва ҳимояи марзу буми он шараф ва қарзи фарзандӣ аст.

Бо мақсади он ки мо ин амалро ҳарчӣ пештар ба анҷом расонем хотирасон менамоям, ки дар сафарбаркунии шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ на фақат комиссариати ҳарбӣ, балки масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидайну роҳбарони мактабҳо низ вазифадор ҳастанд.

Волидайну хонандагон бояд донанд, ки саркашӣ кардан аз хизмат, фирор, худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳаллӣ, несту нобуд ё вайрон кардани амволи ҳарбӣ, муносибати хунукназарона ба хизмат, ифшои сири ҳарбӣ ҷиноятҳое мебошанд, ки тибқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо надонистани қонун беэътиноӣ нисбати он шахсро аз ҷазо озод намекунад.

Хурсандиовар аст, ки ҷавонони шаҳри Ҳисор ба анъанаҳои сарбозони шуҷоъ – падару бобоёни худ содиқанд ва боварӣ дорем, ки ҳар яки онҳо қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Ватан – модар сарбаландона адо мекунанд ва ба шаҳр баргашта дар рушду шукуфоии зодгоҳи худ саҳми назаррас мегузоранд.

Бори дигар ба шумо дар роҳи адои қарзи шаҳрвандӣ барору кушоиш таманно намуда, зикри он дорам, ки сокинони шаҳри Ҳисор бо шумо ҷавонони ҷасуру далер, пайравони воқеии сиёсати пойбарҷои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд.

Саломатию сарбаландӣ ёратон бод ҳомиёни Ватан.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru